https://sputnik.tj/20221025/moskva-ruzkhoi-madaniyati-tochikistonro-bo-chapakzanii-purmavch-peshvoz-girift-1052411837.html
Истиқболи гарм аз Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия
Истиқболи гарм аз Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Барномаи фарҳангии рангину деринтизорро сароянда ва продюсери маъруф Зафар Абдуалимов ва ровии Шабакаи якум Ирина Муромтсева ифтитоҳ карданд
2022-10-25T14:16+0500
2022-10-25T14:16+0500
2023-02-08T19:45+0500
фарҳанг
дар тоҷикистон
тарғиби ҳунарҳои мардумӣ
намоиши ҳунарҳои мардумӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102703/55/1027035559_0:85:1616:994_1920x0_80_0_0_fe209db49c953622b4be571aed3be368.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Театри давлатии академии Маскав барномаи фарҳангии устодони санъати Тоҷикистон барпо гардид. Дар долони театр барои меҳмонони чорабинии фарҳангӣ намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон. Сафири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири собиқи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва бисёре аз меҳмонони фахрии ду кишвар низ дар толор ҳузур доштанд. Қабл аз оғози консерт муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён ва муовини вазири фарҳанги Федератсияи Русия Алла Манилова сухани ифтитоҳӣ намуданд.Онҳо қайд карданд, ки чорабинӣ дар доираи барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳое, ки соли равон аллакай 30-сола шудаанд, баргузор мешавад.Манилова инчунин қайд кард, ки сафари ҳайати намояндагони Тоҷикистон, ҳайати калони бадеӣ тасдиқи равшани дӯстии бародаронаи халқҳо ва ягонагии таърихии маданиятҳо мебошад. Пас аз он барномаи рангини консертӣ оғоз шуд, ки устодони санъат дар тӯли чанд моҳи ахир омода карда буданд. Дар саҳна тамоми гуногунии маданияти мамлакат намоиш дода шуд. Минтақаҳои гуногун - Хатлон, Суғд, Бадахшон, ҳам дар мусиқӣ ва ҳам дар рақс намояндагӣ мекунанд. Овозхонҳои маъруфи эстрадӣ Нигина Амонқулова, Чоршанбе Аловатов, Зафар Абдуалимов, Муҳаммадрафи Кароматулло ва чанде дигарон ба Маскав омаданд. Навозандагони барои тамошобинон на танҳо нақшу нигори тоҷикиро дар дутор, табл ва думбра моҳирона навохтанд, балки дар тори "Калинка"-и халқии русиро низ иҷро карданд, ки ин барои тамошобинон ногаҳонӣ ва ҷолиб гардид. Дар толор тамошобинон иҷрои рақсҳои ансамблҳои "Гулрез" ва "Зебо"-ро бошад, гарм истицбол карданд.
https://sputnik.tj/20220901/markaz-maskav-markaz-farhang-tojikiston--1051105625.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102703/55/1027035559_88:0:1528:1080_1920x0_80_0_0_7d2885ed19484dd3af2825d4a029a20b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истиқбол фарҳанг тоҷикистон русия
истиқбол фарҳанг тоҷикистон русия
Истиқболи гарм аз Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия
14:16 25.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Эксклюзив
Барномаи фарҳангии рангину деринтизорро сароянда ва продюсери маъруф Зафар Абдуалимов ва ровии Шабакаи якум Ирина Муромтсева ифтитоҳ карданд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Театри давлатии академии Маскав барномаи фарҳангии устодони санъати Тоҷикистон барпо гардид.
Дар долони театр барои меҳмонони чорабинии фарҳангӣ намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Сафири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири собиқи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва бисёре аз меҳмонони фахрии ду кишвар низ дар толор ҳузур доштанд.
Қабл аз оғози консерт муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён ва муовини вазири фарҳанги Федератсияи Русия Алла Манилова сухани ифтитоҳӣ намуданд.
Онҳо қайд карданд, ки чорабинӣ дар доираи барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳое, ки соли равон аллакай 30-сола шудаанд, баргузор мешавад.
"Дар ҷаҳони муосир қадрдонӣ ва эътирофи мавқеи пешсафи фарҳанг, ки он ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, омилҳои муҳими наздикшавӣ ва муттаҳидии халқҳо гардидааст, ниҳоят муҳим аст", - қайд кард Назариён.
Манилова инчунин қайд кард, ки сафари ҳайати намояндагони Тоҷикистон, ҳайати калони бадеӣ тасдиқи равшани дӯстии бародаронаи халқҳо ва ягонагии таърихии маданиятҳо мебошад.
Пас аз он барномаи рангини консертӣ оғоз шуд, ки устодони санъат дар тӯли чанд моҳи ахир омода карда буданд. Дар саҳна тамоми гуногунии маданияти мамлакат намоиш дода шуд.
Минтақаҳои гуногун - Хатлон, Суғд, Бадахшон, ҳам дар мусиқӣ ва ҳам дар рақс намояндагӣ мекунанд. Овозхонҳои маъруфи эстрадӣ Нигина Амонқулова, Чоршанбе Аловатов, Зафар Абдуалимов, Муҳаммадрафи Кароматулло ва чанде дигарон ба Маскав омаданд.
Навозандагони барои тамошобинон на танҳо нақшу нигори тоҷикиро дар дутор, табл ва думбра моҳирона навохтанд, балки дар тори "Калинка"-и халқии русиро низ иҷро карданд, ки ин барои тамошобинон ногаҳонӣ ва ҷолиб гардид.
Дар толор тамошобинон иҷрои рақсҳои ансамблҳои "Гулрез" ва "Зебо"-ро бошад, гарм истицбол карданд.