https://sputnik.tj/20221024/suqut-irkutsk-huvviyat-qurboniyon-1052382553.html
Бархе тафсилоти суқути Су-30 дар Иркутск ва муайян шудани ҳуввияти қурбониён
Бархе тафсилоти суқути Су-30 дар Иркутск ва муайян шудани ҳуввияти қурбониён
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси иттилои аввалия аллакай дар замони суқути Су-30 халабонҳо беҳуш буданд ва мушкилӣ ба кори нодурусти низоми таъмини ҳаво рабт дода мешавад
2022-10-24T11:40+0500
2022-10-24T11:40+0500
2022-10-24T11:46+0500
дар русия
ҳодиса
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
халабон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/18/1052378616_0:15:2816:1599_1920x0_80_0_0_4380e8bacbf050a2ada1e449eff2332e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бар асари суқути ҳавопаймои ҷангии Су-30 дар болои хонаи истиқоматӣ дар Иркутск ду халабони озмоишгар - Максим Конюшини 50-сола ва Виктор Крюкови 43-сола ба ҳалокат расиданд. Талафот миёни сокинони минтақаи садама ба қайд гирифта нашудаст. Волии Иркутск, Игор Кобзев хабар дод, ки ба аёдати хонаводаҳои халабонҳои ҳалокшуда рафта, ҳамдардӣ баён кардааст. Зикр шудаст, ки Максим Конюшин халабони озмоишгари хидматнишондодаи Русия буда, майор Виктор Крюков халабони озмоишгари дараҷаи сеюм будаст. Фарзияи асосии суқути ҳавопаймо аз кор мондани дастгоҳи таъмини ҳаво арзёбӣ мешавад, ки дар натиҷа халабонҳо беҳуш шудаанд. Феълан барои таҳқиқи ҳодиса комиссияи махсус ташкил карда шудааст, ки шомили мутахассисони корхонаҳои саноати ҳавонавардӣ ва пайжуҳишгоҳҳои махсус мебошад. Кумитаи тафтишотии Русия барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёти ҳавоӣ парванда боз карда, тафтишот идома дорад. Дар мавриди хонае, ки ҳавопаймо болои он сарозер шудаст, хабар дода шуд, ки дар он ду оила зиндагӣ мекарданд. Дар як қисми бино модару писар ва дар қисми дуюм нафақахӯрон ва набераҳошон иқомат доштаанд, ки касе аз онҳо осеб надидаст. Моҳи равон ин дуввумин ҳодисаи афтодани як ҳавопаймои низомӣ ба минтақаи истиқоматӣ мебошад. Қаблан чунин ҳодиса дар шаҳри Ейски Краснодар рух дода буд, ки дар он халабонҳо ҷон ба саломат бурданд, аммо миёни мулкиҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуда буд.
https://sputnik.tj/20221018/kushta-aksho-dahshatnok-suqut-bino-istiqomat-1052213023.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/18/1052378616_87:0:2816:2047_1920x0_80_0_0_4c3d14cb4dc216b9c8669b61ec9e686f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарзия, пешакӣ, суқут, ҳавопаймо
фарзия, пешакӣ, суқут, ҳавопаймо
Бархе тафсилоти суқути Су-30 дар Иркутск ва муайян шудани ҳуввияти қурбониён
11:40 24.10.2022 (Навсозишуда: 11:46 24.10.2022) Бар асоси иттилои аввалия аллакай дар замони суқути Су-30 халабонҳо беҳуш буданд ва мушкилӣ ба кори нодурусти низоми таъмини ҳаво рабт дода мешавад
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бар асари суқути ҳавопаймои ҷангии Су-30 дар болои хонаи истиқоматӣ дар Иркутск ду халабони озмоишгар - Максим Конюшини 50-сола ва Виктор Крюкови 43-сола ба ҳалокат расиданд. Талафот миёни сокинони минтақаи садама ба қайд гирифта нашудаст.
Волии Иркутск, Игор Кобзев хабар дод, ки ба аёдати хонаводаҳои халабонҳои ҳалокшуда рафта, ҳамдардӣ баён кардааст.
Зикр шудаст, ки Максим Конюшин халабони озмоишгари хидматнишондодаи Русия буда, майор Виктор Крюков халабони озмоишгари дараҷаи сеюм будаст.
Фарзияи асосии суқути ҳавопаймо аз кор мондани дастгоҳи таъмини ҳаво арзёбӣ мешавад, ки дар натиҷа халабонҳо беҳуш шудаанд.
Феълан барои таҳқиқи ҳодиса комиссияи махсус ташкил карда шудааст, ки шомили мутахассисони корхонаҳои саноати ҳавонавардӣ ва пайжуҳишгоҳҳои махсус мебошад.
Кумитаи тафтишотии Русия барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат ва истифодаи нақлиёти ҳавоӣ парванда боз карда, тафтишот идома дорад.
Дар мавриди хонае, ки ҳавопаймо болои он сарозер шудаст, хабар дода шуд, ки дар он ду оила зиндагӣ мекарданд. Дар як қисми бино модару писар ва дар қисми дуюм нафақахӯрон ва набераҳошон иқомат доштаанд, ки касе аз онҳо осеб надидаст.
Моҳи равон ин дуввумин ҳодисаи афтодани як ҳавопаймои низомӣ ба минтақаи истиқоматӣ мебошад. Қаблан чунин ҳодиса дар шаҳри Ейски Краснодар рух дода буд, ки дар он халабонҳо ҷон ба саломат бурданд, аммо миёни мулкиҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуда буд.