Посухи вакили тоҷик ба Ҳикматёр, ки ба Тоҷикистон ҳушдор дода буд

© Sputnik / Амир Исаев Председатель Демократической партии Саидджафар Усмонзода
Председатель Демократической партии  Саидджафар Усмонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Обуна шудан
Гуфтаҳои Ҳикматёр дар бораи изҳороти ахири Душанбе як худширинкунӣ ва наздикиҷустан бо толибон буда ба хотири нигоҳдошти ҷоҳаш аст
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Гуфтаҳои Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон дар бораи Тоҷикистонро набояд ҷиддӣ гирифт.
Дар ин бора Саидҷаъфар Усмонзода раҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон ва вакили парлумони кишвар зимни як суҳбат бо Afganistan International изҳор дошт ва гуфт, ки гуфтаҳои ӯ як худширинкунӣ назди гуруҳи толибон аст.
“Ҳикматёр соли 1992 ба Тоҷикистон чун рубоҳи ланги тирхӯрда омада буд ва бо супориши президент мо ӯро сиҳат кардем. Имрӯз боз мехоҳад, ки моро таҳдид кунад? Ӯ барои мо ҳеҷ кас аст. Мо таҳдидҳои ӯро ҳамчун таҳдиди рӯбоҳ қабул мекунем”,- гуфт ӯ.
Мавсуф гуфт, ки Тоҷикистон тавонеро дорад, ки дар як моҳ толибонро аз аз Афғонистон нест кунад, вале то кунун ба корҳои дохилии ин кишвар дахолат накардааст.
Ин вакили парлумон мегӯяд, Тоҷикистон Тоҷикистон бо Афғонистон шартномаҳое, ки дар ҳукумати қаблӣ дошт иҷро мекунад ва аз ҳукумати нав танҳо тақозои фарогирии ҳама ақвом дар онро кард ва ба ягон гуруҳу давлат имкон намедиҳем, ки манофеи тоҷикони он кишварро поймол созад.
Гулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2022
Ҳушдори Ҳикматёр ба Тоҷикистон: пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мубориз ба манфиати шумо нест
Ӯ аз иқтидори низомии кишвар ёдовар шуда гуфт, ки аҳолии кишвар ҷангро аз сар гузаронидаву ҷангиёни зиёд дорад ва танҳо Ҷамъияти шикорчиёни кишвар 350 ҳазор аъзо дорад, ки истифодаи озоду дақиқи силоҳро доранд.
Мавсуф аз наскушии дигар ақвом зарфи 1,5 сол ва худро ба карриву гунгӣ задани СММ изҳори нигаронӣ карда гуфт, ҳар онҷизе, ки имрӯз дар он кишвар мегузарад бештару бештар аз хатароти бароянда аз он ба минтақа шаҳодат медиҳад.
Коршиноси дигар масоили Афғонистон Раҳмон Уғли мегӯяд, ки чунин изҳороти Ҳикматёр дар баробари Тоҷикистон нисбат ба Эрон, ки замоне меҳмондораш буд, мезанад ва ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки ҳам дар наъл бизанад ва ҳам дар мех.
Муносибати кунунияш як хушомад ба толибон аст, то ба ӯ кор нагиранд ва аз ҷоҳу ҷалолаш бенасиб нагардонанд, афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ахиран дар пайи нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши террористон дар шимоли Афғонистон Ҳикматёр инро "душманона" хонда аз Душанбе хостааст гуруҳҳои зиддитолибониро дастгирӣ накунад.
"Агар аз тариқи Тоҷикистон дар Афғонистон ҷанг оғоз шавад, натиҷааш бешак интиқоли ноамнӣ ва ҷанг ба он тарафи марзи Тоҷикистон хоҳад буд", - ҳушдор додааст Ҳикматёр.
Ёдовар мешавем, ки Гулбиддин Ҳикматёр аз чеҳраҳои зиддитоҷиконӣ дар Афғонистон аст. Ӯ қаблан низ бо пуштибонӣ аз Покистон зидди Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал ва ҳукумати устод Бурҳониддин Раббонӣ меҷангид.
Ӯ дар солҳои пас аз суқути ҳукумати доктор Наҷибулло яке аз ҷонибҳои даргир буд, аммо баъди суқути қаблии Кобул ба Тоҷикистон фирор кард ва баъдан бо кумаки Душанбе ба Теҳрон рафт.
Реактивная система залпового огня (РСЗО) БМ-21 Град  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Усмонзода дар бораи размоиши СПАД, қудрати Тоҷикистон ва хатари он сӯи Ому гуфт
Қаблан собиқ сарвазири Покистон Имрон Хон низ иқрор шуд, ки Ҳикматёр дар муборизаҳо бар зидди Масъуд аз Покистон дастгирӣ меёфт. Дар он замон ӯ бинбар хусумат Кобулро зери мушакборон, аз Покистон дарёфт карда буд, қарор дод, пас аз он тахаллусҳои “қассоби Кобул” ва “рокетёрро” гирифт.
Ҳикматёр бо ҳукумате, ки 15 августи соли 2021 суқут кард, даргир буд, аммо билохира бо барномаҳои ИМА ва Покистон дигарбора ба Афғонистон баргашт ва бо омадани толибон гӯё ба сухангӯи онон табдил шудааст..
Мавсуф дар тамоми хутбаҳояш зидди тоҷикон баромад карда ба корномаҳои Аҳмадшоҳи Масъуд санг меандозад ва ҳамеша Тоҷикистонро пуштибони Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон унвон мекунад.
Лентаи хабарҳо
0