https://sputnik.tj/20221023/rahmon-az-faoloni-kulob-chi-khost-1052373627.html
Раҳмон аз фаъолони Кӯлоб чӣ хост?
Раҳмон аз фаъолони Кӯлоб чӣ хост?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафараш ба вилояти Хатлон бо сокинону фаъолони шаҳри Кӯлоб мулоқот анҷом дода, даъватҳо намудаст
2022-10-23T17:01+0500
2022-10-23T17:01+0500
2022-10-23T17:01+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
фаъолон
мулоқот
кӯлоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337297_0:28:3000:1716_1920x0_80_0_0_a60b887ef9ef90996d77a5fd68541808.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббусҳои сокинони шаҳри Кӯлоб барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти ҳукумат баҳои баланд дод. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин нукта зимни мулоқот бо фаъолони Кӯлоб баён шуд. Раисҷумҳур собиқадоронро барои саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, тарғиби сиёсати созандаи ҳукумат ва тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон даъват кардаст. "Бо дарназардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи байналмилалӣ таъкид гардид, ки бо истифода аз шароит ва иқлими мувофиқи шаҳр сокинон бояд ҳамасола дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд", - омадааст дар иттилоия. Ҳамчунин бо ишора ба талаботи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз сокинон дархост шудаст, ки фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва касбу ҳунардӯстӣ тарбия намоянд. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин риояи талаботи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро омили муҳим дар самти пешгирӣ аз исрофкорию харҷи беҳуда маънидод кардаст.
https://sputnik.tj/20221023/prezident-shamsiddini-shohin-maydon-sohibkoron-1052369707.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337297_205:0:2872:2000_1920x0_80_0_0_5e16a3884ae5852f560bfabba8282dc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, сокинон, кӯлоб, президент, сафар
мулоқот, сокинон, кӯлоб, президент, сафар
Раҳмон аз фаъолони Кӯлоб чӣ хост?
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафараш ба вилояти Хатлон бо сокинону фаъолони шаҳри Кӯлоб мулоқот анҷом дода, даъватҳо намудаст
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббусҳои сокинони шаҳри Кӯлоб барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти ҳукумат баҳои баланд дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин нукта зимни мулоқот бо фаъолони Кӯлоб баён шуд.
Раисҷумҳур собиқадоронро барои саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, тарғиби сиёсати созандаи ҳукумат ва тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон даъват кардаст.
"Бо дарназардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи байналмилалӣ таъкид гардид, ки бо истифода аз шароит ва иқлими мувофиқи шаҳр сокинон бояд ҳамасола дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин бо ишора ба талаботи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз сокинон дархост шудаст, ки фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва касбу ҳунардӯстӣ тарбия намоянд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин риояи талаботи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро омили муҳим дар самти пешгирӣ аз исрофкорию харҷи беҳуда маънидод кардаст.