Пайкараи "Дуои модар" дар даромадгоҳи Кӯлоб кушода шуд - акс
20:33 23.10.2022 (Навсозишуда: 20:35 23.10.2022)
© Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонИфтитоҳи маҷмааи "Дуои модар" аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб
© Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон
Обуна шудан
Ифтитоҳи пайкараи "Дуои модар" аз вилояти Суғд дар соли гузашта оғоз гардида, дар шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада истодааст
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Маҷмааи “Дуои Модар”-ро мавриди истифода қарор дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, маҷмааи “Дуои Модар” дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, дар масоҳати наздик ба 1 гектар бунёд шудааст.
"Дар маркази маҷмаа муҷассамаи Модар дар шакли “болои кат даст ба дуо бардошта” сохта шудааст. Дар фарҳанги мардуми тоҷик дуои Модар рамзи ҳифзу амонӣ, сабзишу пешрафт ва комёбиву муваффақиятҳо дониста мешавад", - омадаст дар иттилоия.
Пасманзари муҷассамаро асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар зеб медиҳад. Ин асар аз 6 қисм иборат аст ва ҳар яки онҳо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Модар баҳри тарбия ва ба камол расонидани фарзандро инъикос мекунанд. Ҳамзамон дар ин асар расму ойин, рӯзгору пайкори мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст.
Муҷассамаи “Дуои Модар” ва асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар аз ҷониби ҳайкалтарошони маҳаллӣ, ки аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошанд, бунёд ёфтааст.
© Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонИфтитоҳи маҷмааи "Дуои модар" аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб
Ифтитоҳи маҷмааи "Дуои модар" аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб
© Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон
Манбаъ афзудаст, ки дар ҳудуди маҷмаа фаввораҳо сохта шуда, чароғҳои замонавӣ насб гардидааст. Атрофи муҷассамаи Модар бо гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ сабзкорӣ шуда, роҳравҳо сафолакпӯш гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Маҷмааи “Дуои Модар”-ро дар даромадгоҳи шаҳр иқдоми хубу шоистаи таҳсин хонда, ба тамоми дастандакорон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.