https://sputnik.tj/20221022/sarhad-tojikiston-video-razmoish-afghoniston-1052366509.html
Сарҳади Тоҷикистон дар амн аст: видеои ҷолиби размоиши СПАД дар сарҳад бо Афғонистон
Сарҳади Тоҷикистон дар амн аст: видеои ҷолиби размоиши СПАД дар сарҳад бо Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷануби Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Афғонистон, тамринҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) "Сарҳад – 2022" ба поён расид
2022-10-22T20:12+0500
2022-10-22T20:12+0500
2022-10-22T20:13+0500
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/16/1052366190_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_b13e23137baaed061c50f97d9aca8b56.jpg
Дар охири рӯз дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон монаврҳо, набарди низомӣ дар майдони омӯзишӣ сурат гирифт.Ба ривояти тамринот, ҷангҷӯён қасди муҳосираи ҷануби Тоҷикистону бо расидани воҳидҳои бузургтари ғайриқонунӣ баромадан ба Душанберо дар нақша доштанд.Чаро дар воқеан тамринҳои СПАД дар Тоҷикистон доир шуд?Дар ар пайи ин ҳодиса марзбонон аз Ситоди муштараки СААД кумак хостаанду нерӯҳои зудамали созмон ҳамроҳ бо ҳавопаймоҳою артиллерия вориди амал шудаанд.Низомиён ҳадафи пешашон гузоштаро барои бозгардонии ҳамлаи террористҳою нобудсозии онҳо ва ҳамчунин озод намудани гаравгонҳо иҷро кардаанд.Маврид ба зикр аст, ки дар размоиши "Сарҳад-2022", ки марҳилаи фаъоли он аз 17 то 21 октябр сурат гирифт, ҳудуди 1 ҳазор низомию 300 техника ҷалб шудаанд.Ҳадаф аз ин машқҳо омодагӣ ва баргузории амалиёти ҷангӣ барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД таҷовуз кардаанд, арзёбӣ шудаст.Размоиши густурдаи СПАД дар Тоҷикистон: ҷолибтарин аксҳоПас аз анҷоми марҳилаи ниҳоии машқҳо маросими супоридани ҷоизаҳо баргузор гардид, ки дар он беҳтарин низомиёну қисмҳо мукофотонида шуданд. Вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо аз маҳорату касбияти низомиён ёдовар шуд. Вай аҳамияти вижаи ин рӯйдодро ба далели вазъи ноороми Афғонистон, ки барои кишварҳои СПАД таҳдид мекунад, таъкид кард. Дар машқҳо қариб ҳазор кас иштирок дошт. Инчунин беш аз 300 воҳиди низомӣ ва техникаи махсус ҷалб карда шуданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/16/1052366190_480:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_832464e83fd2e2c76ab910538ede49cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
размоиш спад сарҳад афғонистон видео
размоиш спад сарҳад афғонистон видео
Сарҳади Тоҷикистон дар амн аст: видеои ҷолиби размоиши СПАД дар сарҳад бо Афғонистон
20:12 22.10.2022 (Навсозишуда: 20:13 22.10.2022) Дар ҷануби Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Афғонистон, тамринҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) "Сарҳад – 2022" ба поён расид
Дар охири рӯз дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон монаврҳо, набарди низомӣ дар майдони омӯзишӣ сурат гирифт.
Ба ривояти тамринот, ҷангҷӯён қасди муҳосираи ҷануби Тоҷикистону бо расидани воҳидҳои бузургтари ғайриқонунӣ баромадан ба Душанберо дар нақша доштанд.
Дар ар пайи ин ҳодиса марзбонон аз Ситоди муштараки СААД кумак хостаанду нерӯҳои зудамали созмон ҳамроҳ бо ҳавопаймоҳою артиллерия вориди амал шудаанд.
Низомиён ҳадафи пешашон гузоштаро барои бозгардонии ҳамлаи террористҳою нобудсозии онҳо ва ҳамчунин озод намудани гаравгонҳо иҷро кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар размоиши "Сарҳад-2022", ки марҳилаи фаъоли он аз 17 то 21 октябр сурат гирифт, ҳудуди 1 ҳазор низомию 300 техника ҷалб шудаанд.
Ҳадаф аз ин машқҳо омодагӣ ва баргузории амалиёти ҷангӣ барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД таҷовуз кардаанд, арзёбӣ шудаст.
Пас аз анҷоми марҳилаи ниҳоии машқҳо маросими супоридани ҷоизаҳо баргузор гардид, ки дар он беҳтарин низомиёну қисмҳо мукофотонида шуданд.
Вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо аз маҳорату касбияти низомиён ёдовар шуд. Вай аҳамияти вижаи ин рӯйдодро ба далели вазъи ноороми Афғонистон, ки барои кишварҳои СПАД таҳдид мекунад, таъкид кард.
Дар машқҳо қариб ҳазор кас иштирок дошт. Инчунин беш аз 300 воҳиди низомӣ ва техникаи махсус ҷалб карда шуданд.