https://sputnik.tj/20221022/nebenzya-rusiya-ravobit-smm-bozbini-1052357679.html
Небензя: Русия омода аст равобиташро бо котиботи СММ бозбинӣ кунад
Небензя: Русия омода аст равобиташро бо котиботи СММ бозбинӣ кунад
Sputnik Тоҷикистон
СММ ваколати таҳқиқи дархости ғарб дар бораи баррасии шоеъоти интиқоли бесарнишинҳои эронӣ ба Русияро надорад, дар сурати ғайр беғаразии он зери суол меравад
2022-10-22T16:00+0500
2022-10-22T16:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
смм
эрон
ғарб
сиёсат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102730/63/1027306376_0:136:2775:1696_1920x0_80_0_0_c882a2aed9233354f2b74604df8ba415.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Котиботи Созмони Милал агар тасмим бигирад, ки дар таҳқиқи дурӯғини истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон дар Украина ширкат кунад, Русия метавонад равобиташ бо созмонро бознигарӣ кунад.Дар ин бора Василий Небензя намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти созмон изҳор дошт.Кишварҳои ғарбӣ иддао доранд, ки Русия гӯё дар Украина аз ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон истифода мекунад. Рӯзи ҷумъа Фаронса, Бритониё ва Олмон аз СММ хостаанд, ки коршиносони худро ба Украина бифиристанд, то таҳқиқ кунанд, ки оё қатъномаи 2231, ки Эронро аз тиҷорати баъзе навъҳои маҳсулот аз ҷумла бесарнишинҳо бидуни иҷозаи пешакии Шӯрои Амнияти СММ манъ мекунад, иҷро мешавад ё на.Маскав ва Теҳрон иттиҳоми Ғарбро дар истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон рад карданд. Дмитрий Полянский, муовини аввали намояндаи Федератсияи Русия дар СММ низ қаблан гуфта буд, ки Маскав ҳамкориҳояшро бо Котиботи СММ дар сурати ширкат дар “тафтишот”-и дархости Киев бозбинӣ хоҳад кард, зеро котибот як ниҳоди сирф фаннист ва ваколат ё қобилияти коршиносӣ барои чунин амалҳоро надорад.
https://sputnik.tj/20221022/nebenzya-ukraina-gharb-rusiya-terroristi-1052356553.html
эрон
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102730/63/1027306376_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_b932ba508b1e03c7269fac5b2befc3c0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
небензя русия равобит смм бозбинӣ
небензя русия равобит смм бозбинӣ
Небензя: Русия омода аст равобиташро бо котиботи СММ бозбинӣ кунад
16:00 22.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) СММ ваколати таҳқиқи дархости ғарб дар бораи баррасии шоеъоти интиқоли бесарнишинҳои эронӣ ба Русияро надорад, дар сурати ғайр беғаразии он зери суол меравад
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Котиботи Созмони Милал агар тасмим бигирад, ки дар таҳқиқи дурӯғини истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон дар Украина ширкат кунад, Русия метавонад равобиташ бо созмонро бознигарӣ кунад.
Дар ин бора Василий Небензя намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ зимни ҷаласаи Шӯрои амнияти созмон изҳор дошт.
"Агар коршиносони СММ ба манфиати пойтахтҳои ғарбӣ, ба ҳар ҳол беасос ба муқаррароти қатъномаи 2231 истинод карда, ба як навъ таҳқиқи дурӯғин машғул шаванд, мо метавонем тамоми доираи муносибатҳои худро бо Котиботи СММ бозбинӣ кунем, ки беғаразии онҳо дар ин маврид дигар мавриди баҳс нест", - гуфт Небензя.
Кишварҳои ғарбӣ иддао доранд, ки Русия гӯё дар Украина аз ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон истифода мекунад.
Рӯзи ҷумъа Фаронса, Бритониё ва Олмон аз СММ хостаанд, ки коршиносони худро ба Украина бифиристанд, то таҳқиқ кунанд, ки оё қатъномаи 2231, ки Эронро аз тиҷорати баъзе навъҳои маҳсулот аз ҷумла бесарнишинҳо бидуни иҷозаи пешакии Шӯрои Амнияти СММ манъ мекунад, иҷро мешавад ё на.
Маскав ва Теҳрон иттиҳоми Ғарбро дар истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон рад карданд.
Дмитрий Полянский, муовини аввали намояндаи Федератсияи Русия дар СММ низ қаблан гуфта буд, ки Маскав ҳамкориҳояшро бо Котиботи СММ дар сурати ширкат дар “тафтишот”-и дархости Киев бозбинӣ хоҳад кард, зеро котибот як ниҳоди сирф фаннист ва ваколат ё қобилияти коршиносӣ барои чунин амалҳоро надорад.