Дастаи занонаи Тоҷикистон дар оғози мусобиқоти CAFA - 2022 аз Узбакистон шикаст хӯрд

© ФФТ РТСборная Таджикистана против команды Узбекистана на старте CAFA-2022
Сборная Таджикистана против команды Узбекистана на старте CAFA-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2022
Обуна шудан
Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA дар Тоҷикистон дастаҳои занонаи наврасони ду кишвар вохӯрданд
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дастаи Ӯзбекистон дар нахустин бозии қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими миллии Тоҷикистонро шикаст дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки вохӯрӣ бо бартарии футболбозони узбак баргузор шуда, натиҷа 6:0 шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҳисор чемпионати CAFA байни дастаҳои наврасони то 15-сола оғоз шуд.
Дар даври баъдӣ рӯзи якшанбеи 23 октябр тимҳои Эрон ва Ӯзбекистон бо ҳам вомехӯранд.
Кубок Чемпионата Центрально-Азиатской футбольной Ассоциации (CAFA) среди женских юниорских сборных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Дар Ҳисор чемпионати CAFA оғоз мешавад: бозии аввал миёни Тоҷикистон - Ӯзбекистон
Дар даври 3-юм, 25 октябр Тоҷикистон бо мунтахаби Эрон бозӣ мекунад.
Гуфта мешавад, бар асоси низомнома чемпионати CAFA-2022 аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад.
Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.
Маврид ба зирк аст, ки Ёдовар мешавем, ки қаблан бозии ҳалкунандаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 17-солаи Тоҷикистон ва Афғонистон бо пирӯзии ҷавонони тоҷик анҷом шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0