Занги Раҳмон ба раисони навоҳии картошкапарвар

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаМешки с картошкой
Мешки с картошкой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба раисони навоҳии картошкапарвари ҷумҳурӣ занг зада, ҳисоботашонро дар мавриди раванди ҷамъоварии ҳосил шунид
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои зикршударо доир ба вазъи корҳо дар самти ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ шунид.
Таваҷҷуҳи махсус ба картошка дода шудааст, ки дар Тоҷикистон аз серистеъмолтарин маҳсулот ба шумор меравад. , аз ҷумла картошка ва мева шуниданд.
Картофель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2022
Дастури президент иҷро нагардид: Аҳмадзода гуфт, нархи картошка дар Суғд гарон шуд
Маврид ба зикр аст, ки маҳз навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳ, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод аз минтақаҳои аслии картошкапарвари ҷумҳурӣ мебошанд, ки дар баробари таъминоти талаботи худ ин маҳсулотро ба навоҳии дигари ҷумҳурӣ низ интиқол медиҳанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи шунидани ҳисобот Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони ноҳияҳои зикршуда махсусан барои ҷамъоварии саривақтию беталафи маҳсулоти кишоварзӣ супориш додаст.
Аз дастуроти дигари раисҷумҳури Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон раисони навоҳии зикршударо муваззаф намудаст, ки захираи маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоии минтақаашонро таъмин созанд.
Лентаи хабарҳо
0