https://sputnik.tj/20221021/tamrinho-spad-tojikiston-doir-1052351689.html
Чаро дар воқеан тамринҳои СПАД дар Тоҷикистон доир шуд?
Чаро дар воқеан тамринҳои СПАД дар Тоҷикистон доир шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Размоиши густурдаи СПАД дар Тоҷикистон анҷом ёфт: Сардори ситоди муштараки ин созмон Анатолий Сидоров дар бораи натоиҷи онҳо сухан гуфт
2022-10-21T20:40+0500
2022-10-21T20:40+0500
2023-02-08T19:45+0500
спад
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
қазоқистон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/15/1052345036_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_99bf1240bdcfadac349db3e757339d03.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар машқҳои "Сарҳад-2022" тамоми вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро карданд. Пеш аз ин, хизматчиёни ҳарбӣ дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон"- и Тоҷикистон машқҳоро анҷом доданд. Натоиҷи машқҳоро раиси Ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров ҷамъбаст кард. Ба гуфтаи вай, фармондеҳию штабҳо сатҳи баланди омодагии касбӣ, мутаносибӣ ва самаранокии корро дар амал нишон доданд. Дар рафти машғулият, нерӯҳои савораи тирандоз, танкчиён, тупхонаҳо, алоқачиён, халабонҳо ва мутахассисони дигар касбҳои ҳарбӣ якдилӣ ва ҳамкории самарабахш нишон доданд. Онҳо ба шароити душвор — релефи куҳсори биёбон нигох накарда, намунаҳои ёрии хамдигарӣ ва дӯстиро нишон доданд. "Дар ин рӯзҳо мо дар бораи таърих ва фарҳанги Тоҷикистон бештар ошно шудем, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои фарҳангии Қазоқистон ва Русияро мубодила кардем", - гуфт Сидоров. Вай гуфт, ки ин машқҳо контингенти СПАД-ро наздик ва муттаҳид карданд. Дар соли 2022 дар тамринҳои созмон беш аз 8 ҳазор нафар ва 2 ҳазор воҳид техникаи низомӣ ва вижа ширкат карданд. Ёдовар мешавем, ки тамринҳои "Сарҳад-2022" дар Тоҷикистон аз 10 то 21 октябр баргузор шуданд. Дар онҳо ҳудуди 1 ҳазор нафар - гурҳҳои низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нерӯҳои амалиётии Ситоди муштарак ва котиботи СПАД ширкат доштанд.
https://sputnik.tj/20220910/zas-spad-amniyat-azo-1051307922.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/15/1052345036_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_d9a9afda429f05aea2cb2f6fad7bee74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тамрин спад тоҷикистон
Чаро дар воқеан тамринҳои СПАД дар Тоҷикистон доир шуд?
20:40 21.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Размоиши густурдаи СПАД дар Тоҷикистон анҷом ёфт: Сардори ситоди муштараки ин созмон Анатолий Сидоров дар бораи натоиҷи онҳо сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар машқҳои "Сарҳад-2022" тамоми вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро карданд.
Пеш аз ин, хизматчиёни ҳарбӣ дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон"- и Тоҷикистон машқҳоро анҷом доданд. Натоиҷи машқҳоро раиси Ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров ҷамъбаст кард.
Ба гуфтаи вай, фармондеҳию штабҳо сатҳи баланди омодагии касбӣ, мутаносибӣ ва самаранокии корро дар амал нишон доданд.
"Ҳайати шахсии ҷузъу томҳо беҳтарин хислатҳои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо, маҳорати баланди ҷангӣ ва низомиро нишон доданд", - таъкид дошт ӯ.
Дар рафти машғулият, нерӯҳои савораи тирандоз, танкчиён, тупхонаҳо, алоқачиён, халабонҳо ва мутахассисони дигар касбҳои ҳарбӣ якдилӣ ва ҳамкории самарабахш нишон доданд. Онҳо ба шароити душвор — релефи куҳсори биёбон нигох накарда, намунаҳои ёрии хамдигарӣ ва дӯстиро нишон доданд.
"Дар ин рӯзҳо мо дар бораи таърих ва фарҳанги Тоҷикистон бештар ошно шудем, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои фарҳангии Қазоқистон ва Русияро мубодила кардем", - гуфт Сидоров.
Вай гуфт, ки ин машқҳо контингенти СПАД-ро наздик ва муттаҳид карданд. Дар соли 2022 дар тамринҳои созмон беш аз 8 ҳазор нафар ва 2 ҳазор воҳид техникаи низомӣ ва вижа ширкат карданд.
Ёдовар мешавем, ки тамринҳои "Сарҳад-2022" дар Тоҷикистон аз 10 то 21 октябр баргузор шуданд. Дар онҳо ҳудуди 1 ҳазор нафар - гурҳҳои низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нерӯҳои амалиётии Ситоди муштарак ва котиботи СПАД ширкат доштанд.