Суғд фурӯши ангиштро ба аҳолӣ афзоиш дод

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСистема орошения на складе угля
Система орошения на складе угля  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Обуна шудан
Барои сари вақт бо сӯзишворӣ таъмин шудан бо сӯзишворӣ ба аҳолии вилояти Суғд беш аз 6 ҳазор тонна маҳсулоти ангишт фурӯхта шудааст
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар вилояти Суғд ҳудуди 200 нуқтаи фурӯши ангишт вуҷуд дорад.
Бино ба иттилоъи ситоди вилоятӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, дар вилояти Суғд ба ҷуз ин нуқтаҳо, ҳамчунин 370 нуқтаи сайёри фурӯши ин навъи сӯзишворӣ роҳандозӣ мешавад.
Умуман ба фурӯш зиёда аз 6,1 ҳазор тонна маҳсулот фиристода шудааст. Маълум аст, ки дар 9 моҳи соли 2022 корхонаҳои ангишти вилоят қариб 13,7 ҳазор тонна ангишт истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2021 - 95 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Илова бар ин, нақшаи захираи ғизо барои тирамоҳу зимистон низ аз ҷониби сохторҳои дахлдор тартиб дода шудааст.
Тибқи он, эҳтиёҷ ба захира 2,5 ҳазор тонна орд, қариб 654 тонна равғани растанӣ, 530 тонна биринҷ, 280 тонна шакар мебошад.
Ташкили ярмарка-фурӯши ангишт дар чор минтақаи вилояти Суғд
Ҳамчунин дар анборҳо — 60,5 ҳазор қуттӣ консерв, 1,5 ҳазор тонна картошка, 570 тонна пиёз, қариб 679 тонна сабзӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Ба ғайр аз ғизо, муассисаю ташкилотҳои хоҷагии халқи вилоят захираи маводи сӯзишвориро низ ба роҳ мондаанд.
"Мо бояд 7 ҳазор тонна ангишт, 425 метри мукааб ҳезум, 716 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ захира кунем", — менависад Sugdnews.
Барои бо маводи сӯзишворӣ таъмин намудани сокинон фурӯши гази моеъ ташкил карда шудааст. 393 нуқтаи фурӯш ва 6 пункти сайёр мавчуд аст. Зиёда аз 2000 тонна сузишворй ба фурӯш тайёр карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0