https://sputnik.tj/20221021/sath-etimod-nobovari-putin-1052335305.html
Сатҳи эътимоду нобоварӣ ба Путин маълум шуд
Сатҳи эътимоду нобоварӣ ба Путин маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум мизони эътимод ва ҳимоят аз фаъолияти президенти ФР-ро дар пайи анҷоми пажуҳиш муайян кардааст
2022-10-21T19:32+0500
2022-10-21T19:32+0500
2022-10-21T19:32+0500
дар русия
владимир путин
эътимод
сиёсат
мардум
ҷонибдорӣ
маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052107073_0:211:3227:2027_1920x0_80_0_0_08375a845f11b411de97630ca0fe1f9b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Фаъолияти раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро 77%-и сокинони кишвар ҷонибдорӣ мекунанд, муайян кардааст Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум. Бар асоси назарпурсии ин марказ, ҳамчунин муайян шудааст, ки беш аз 80%-и русиягиҳо ба Владимир Путин эътимод доранд. Ҳамчунин тибқи ин пажуҳиши афкори умум мизони ҳимоят аз фаъолияти Путин 77% будааст. Дар зимн ҳудуди 14%-и мардум кори президентро маъқул намедонандТеъдоди шаҳрвандоне, ки ба раисҷумҳури Русия изҳори нобоварӣ кардаанд, 16%-ро ташкил додаст. Назарпурсӣ аз 10 то 16 октябр тариқи телефонӣ миёни ҳудуди 1600 шаҳрванди аз 18-сола боло гузаронда шудаст. Маврид ба зикр аст, ки қаблан устоди Пажуҳишгоҳи менеҷменти коммуникатсионӣ Марат Баширов далели афзоиши ҷонибдорӣ аз Путинро тавзеҳ дода буд. Ӯ гуфт, русиягиҳо ҳадафи амалиёти низомиро дарк мекунанд ва ҳар қадаре иттилоъ дар бораи амали воҳидҳои миллатгарои украинӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар ҷонибдорӣ аз Путин афзоиш меёбад.Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро "ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд", унвон кард.
https://sputnik.tj/20221019/putin-siyosati-muhojirat-taghyir-1052264706.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052107073_169:253:2562:2048_1920x0_80_0_0_8b55e2c6b2c1e6c72bc5db22990894b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дарсад, русиягиҳо, бовар, эътимод
дарсад, русиягиҳо, бовар, эътимод
Сатҳи эътимоду нобоварӣ ба Путин маълум шуд
Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум мизони эътимод ва ҳимоят аз фаъолияти президенти ФР-ро дар пайи анҷоми пажуҳиш муайян кардааст
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Фаъолияти раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро 77%-и сокинони кишвар ҷонибдорӣ мекунанд, муайян кардааст Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум.
Бар асоси назарпурсии ин марказ, ҳамчунин муайян шудааст, ки беш аз 80%-и русиягиҳо ба Владимир Путин эътимод доранд.
Ҳамчунин тибқи ин пажуҳиши афкори умум мизони ҳимоят аз фаъолияти Путин 77% будааст. Дар зимн ҳудуди 14%-и мардум кори президентро маъқул намедонанд
Теъдоди шаҳрвандоне, ки ба раисҷумҳури Русия изҳори нобоварӣ кардаанд, 16%-ро ташкил додаст.
Назарпурсӣ аз 10 то 16 октябр тариқи телефонӣ миёни ҳудуди 1600 шаҳрванди аз 18-сола боло гузаронда шудаст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан устоди Пажуҳишгоҳи менеҷменти коммуникатсионӣ Марат Баширов далели афзоиши ҷонибдорӣ аз Путинро тавзеҳ дода буд. Ӯ гуфт, русиягиҳо ҳадафи амалиёти низомиро дарк мекунанд ва ҳар қадаре иттилоъ дар бораи амали воҳидҳои миллатгарои украинӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар ҷонибдорӣ аз Путин афзоиш меёбад.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро "ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд", унвон кард.