Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Қодиров тафсилоти даргирии "Ахмат" бо нерӯҳои украиниро баён дошт

© Sputnik / Кирилл КаллиниковГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Обуна шудан
Нерӯҳои вижаи "Ахмат" бо низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Украина вориди набард шуда, аз талошашонро барои убури хатти дифои Русия ноком сохтанд
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дастаи таъйиноти махсуси "Ахмат" кушиши ҳуҷуми низомиёни Украинаро бомуваффақият боздошт. Дар ин бора раиси ҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар саҳифааш дар "Telegram" хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Украина талош кардаанд, ба яке аз манотиқи таҳти контроли "Ахмат" ҳамла кунанд. Сарвари Чеченистон макони дақиқи бархӯрдро ном набурд.
"Душман кӯшиши нобарори рахна кардани хатти дифоъро анҷом дод. Аммо дере нагузашта посухи ҷанговарони моро гирифтанд", - изҳор дошт Қодиров.
Нерӯҳои вижа дарҳол ба артиши Украина ҳамла карданд ва бо он вориди набарди шадид шуданд. Таъкид шуд, ки аз ин даргирӣ ҷанговарони "Ахмат" пирӯз баромадаанд.
Тавзеҳ дода шудаст, ки дар баробари нерӯи зиндаи артиши Украина инчунин тонку мошини ҷангии пиёдагардон низ нобуд карда шудаст.
Дар мавриди шарҳи вазъи феълии ҷабҳо Қодиров афзуд, ки воҳиди низомӣ ҳоло "вазъро қотеона таҳти назорат доранд".
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2022
Қодиров мухолифони сафарбарсозии қисмиро душманони халқ донист
Сарвари Чеченистон дар пасманзари изҳороти худ навореро низ нашр кард, ки дар он низомиён аз ҷойи ҳодиса дар бораи набардҳои ахир сӯҳбат мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, бархе аз сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Украина тавонистаанд фирор кунанд.
Ҷанговарони "Ахмат" таъкид мекунанд, ки хатти ҷабҳаро нигоҳ хоҳанд дошт ва сипас дар навор навор таҷҳизоти шикастаи Украинаро намоиш медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0