То 28 дараҷа гарм: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik Дорога в Таджикистане, архивное фото
Дорога в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Обуна шудан
Ҳарорати ҳаво дар ВМКБ то 11 дараҷа гарм, Суғд - 22 дараҷа, Хатлон - 28, ноҳияҳои тобеи марказ - 25 ва дар Душанбе то 24 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, борон дар назар нест, хабар дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои мнабаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Вилояти Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Дар Хатлон низ боришот дар назар нест. Пешгӯӣ мегардад, ки ҳарорат дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад, мегӯянд ҳавошиносон. Аз ҷумла ҳарорат дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар Душанбе низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона 6+8 дараҷа ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0