https://sputnik.tj/20221020/trass-sarvaziri-britoniyo-istefo-1052282109.html
Трасс истеъфо дод
Трасс истеъфо дод
Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Бритониёи Кабир бо изҳороти муҳим баромад кард ва гуфт, ки вазифаашро тарк мекунад, ӯ шашуми сентябр ба кор пардохта буд
2022-10-20T17:37+0500
2022-10-20T17:37+0500
2022-10-20T18:53+0500
лиз трасс
сиёсатмадор
бритониёи кабир
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0a/1051306091_0:0:2939:1654_1920x0_80_0_0_614cede9a545afd6ffddaf945ab297b4.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Сарвазири Бритониёи Кабир Элизабет Трасс курсии нахуствазириро тарк мекунад.Вай дар қиёс бо тамоми нахуствазирони пешини кишвар дар курсии нахустваирӣ камтар, ҳамагӣ шаш ҳафта ё 45 рӯз нишаста буд. Ӯ 6 сентябри соли 2022 ба кор оғоз карда буд. "Ман иқрор мешавам, ки бо назардошти вазъият, ман наметавонам аз ӯҳдаи масъулиятҳои мандате, ки ба ман бовар карда шудаанд, бароям”, - гуфт сиёсатмадор дар шарҳи истеъфояш.Вай изҳор дошт, ки вай аллакай бо шоҳ Чарл III тамос гирифта, ба ӯ дар бораи қарори худ хабар додааст.Трасс таъкид кард, ки то интихоб шудани сарвазири нави хукумат дар вазифа мемонад.Ба гуфтаи ӯ, интихоботи раҳбари нави ҳизби муҳофизакор ҳафтаи оянда баргузор мешавад. Давоми фаъолияти худ, Трасс ба суқути фунти бритониёӣ бос шуд, барои кумак ба Бонки Англия муроҷиат кард, аз барномаи сиёсии худ даст кашид ва наздиктарин шарики сиёсии худро аз кор барканор кард.Бритониё бо бадтарин буҳрон рӯ ба рӯстИлова бар ин, ҳукумати Бритониё таҳти сарварии нахуствазири кунунӣ аз тарҳи нави пуштибонӣ аз иқтисод бо интиқодҳои шадид рӯбарӯ шуда буд.Трасс баъд аз Маргарет Тэтчер ва Тереза Мэй сеюмин зани сарвазири Бритониё буд. Трасси 47-сола пеш аз ба сари ҳукумат расидан вазири муҳити зист, ғизо ва кишоварзӣ буд.
бритониёи кабир
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/0a/1051306091_208:0:2939:2048_1920x0_80_0_0_dceca1f39f8cd293459208fe53ba96be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сарвазир, бритониёи кабир, лиз трасс, истеъфо
сарвазир, бритониёи кабир, лиз трасс, истеъфо
Трасс истеъфо дод
17:37 20.10.2022 (Навсозишуда: 18:53 20.10.2022) Нахуствазири Бритониёи Кабир бо изҳороти муҳим баромад кард ва гуфт, ки вазифаашро тарк мекунад, ӯ шашуми сентябр ба кор пардохта буд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Сарвазири Бритониёи Кабир Элизабет Трасс курсии нахуствазириро тарк мекунад.
"Ман аз вазифаи срвазири Бритониёи Кабир истеъфо медиҳам", - изҳор дошт Трасс зимни суханронӣ дар назди расонаҳо ва афзуд, ки вай дар замони дигаргуниҳои бузурги иқтисодӣ ва байналхалқӣ ба ин вазифа омад.
Вай дар қиёс бо тамоми нахуствазирони пешини кишвар дар курсии нахустваирӣ камтар, ҳамагӣ шаш ҳафта ё 45 рӯз нишаста буд. Ӯ 6 сентябри соли 2022 ба кор оғоз карда буд.
"Ман иқрор мешавам, ки бо назардошти вазъият, ман наметавонам аз ӯҳдаи масъулиятҳои мандате, ки ба ман бовар карда шудаанд, бароям”, - гуфт сиёсатмадор дар шарҳи истеъфояш.
Вай изҳор дошт, ки вай аллакай бо шоҳ Чарл III тамос гирифта, ба ӯ дар бораи қарори худ хабар додааст.Трасс таъкид кард, ки то интихоб шудани сарвазири нави хукумат дар вазифа мемонад.
Ба гуфтаи ӯ, интихоботи раҳбари нави ҳизби муҳофизакор ҳафтаи оянда баргузор мешавад.
Давоми фаъолияти худ, Трасс ба суқути фунти бритониёӣ бос шуд, барои кумак ба Бонки Англия муроҷиат кард, аз барномаи сиёсии худ даст кашид ва наздиктарин шарики сиёсии худро аз кор барканор кард.
Илова бар ин, ҳукумати Бритониё таҳти сарварии нахуствазири кунунӣ аз тарҳи нави пуштибонӣ аз иқтисод бо интиқодҳои шадид рӯбарӯ шуда буд.
Трасс баъд аз Маргарет Тэтчер ва Тереза Мэй сеюмин зани сарвазири Бритониё буд.
Трасси 47-сола пеш аз ба сари ҳукумат расидан вазири муҳити зист, ғизо ва кишоварзӣ буд.