Сарвазире, ки ҳамагӣ 44 рӯз сари қудрат буд: тарҷумаи ҳоли Лиз Трасс

© AFP 2023 / PAUL ELLISГлава МИД Великобритании Элизабет Трасс
Глава МИД Великобритании Элизабет Трасс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Обуна шудан
Сиёсатмадор пас аз 44 рӯзи раёсат истеъфо дод. Интихоботи нахуствазири нави Бритониёи Кабир ҳафтаи оянда баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Сарвазири Бритониё Лиз Трасс баъди 44 рӯзи ба кор истеъфо дод. Дар ин бора сиёсатмадор шахсан ба хабарнигорон иттилоъ дод.
"Ман эътироф мекунам, ки бо назардошти вазъият, ман наметавонам масъулиятҳои мандате, ки ба ман (Сарвазир) вогузор шудааст, ки аз ҷониби ҳизби муҳофизакор интихоб шудаам" гуфт ӯ.
Трасс афзуд, ки интихоботи нахуствазири нав ва раҳбари ҳизби муҳофизакор ҳафтаи оянда баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5 сентябр пас аз шумориши оро маълум шуд, ки Лиз Трасс, собиқ вазири умури хориҷаи Бритониё нахуствазири нави ин кишвар мешавад. Вай бештар аз 81 ҳазор овози аъзоёни партияи консервативиро гирифт. Рақиби ӯ, собиқ вазири молияи 42-сола Риши Сунак беш аз 60 ҳазор овозро ба даст овард.
Трасс истеъфо дод
Сиёсатмадор вазифаи раҳбари ҳизби ҳокими консервативиро ба ӯҳда гирифт. Ин ба ӯ ҳақ дод, ки рӯзи 6 сентябр сарвазири собиқ Борис Ҷонсонро иваз кунад ва ҳукумати навро таъин намояд.

Лиз Трасс бо чӣ дар хотирҳо мемонад?

Трасс 56-умин нахуствазири Бритониёи Кабир ё 78-ум, бо назардошти онҳое, ки дар ин мақом беш аз як маротиба кор кардаанд ва 15-умин дар замони ҳукмронии малика Елизавета II.
Сиёсатмадор баъд аз Маргарет Тэтчер (аз 1979 то 1990) ва Тереза ​​Мэй (аз соли 2016 то 2019) дар ин мақом сеюмин зан шуд.
Трасс ба таърихи Бритониё ҳамчун сарвазире сабт хоҳад шуд, ки ҳамагӣ 45 рӯз дар курсӣ буд.
Илова бар ин, сиёсатмадор бо он ёдовар хоҳад шуд, ки маликаи Бритониёи Кабир Елизавета II замони ҳукмронии ӯ фавтидааст.
Давоми фаъолияти худ, Трасс ба суқути фунти бритониёӣ бос шуд, барои кумак ба Бонки Англия муроҷиат кард, аз барномаи сиёсии худ даст кашид ва наздиктарин шарики сиёсии худро аз кор барканор кард.

Тарҷумаи ҳоли Лиз Трасс

Мэри Элизабет (Лиз) Трасс 26 июли соли 1975 дар шаҳри Оксфорди Англия таваллуд шудааст. Модараш ҳамшираи шафқат ва падараш профессори риёзидон мебошанд.
Трасс дар як мактаби миёна дар шимоли Англия, воқеъ дар шаҳри Лидс таҳсил кардааст. Ин минтақаи лейбористҳои чапгаро маҳсуб мешавад. Дар чунин фазо ақидаҳои сиёсии сарвазири ояндаи Бритониё ташаккул кард.
Волидайни Трасс низ идеологияи чапгаро доштанд. Модари Пристсилла Мэри Трасс тарафдори дафъи силоҳи ҳастаӣ буд ва аксар вақт духтарашро ба гирдиҳамоӣ алайҳи сиёсати сарвазир Маргарет Тэтчер бо худ мегрифт.
Зимнан, Трассро аксар вақт ба "бонуи оҳанин" муқоиса мекунанд. Масалан, вақте ки вай дар соли 2021 дар Эстония савори танк шуд. Ҳамон тавре ки Тэтчер соли 1986 ҳангоми сафараш ба Олмон карда буд.
Илова бар ин, расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ Трассро ба тақлид ба симои Тэтчер, ки ӯ дар моҳи феврали соли 2022 ба Маскав омад ва дар танаш болопӯши ғафс ва кулоҳ дошт, бо вуҷуди набудани ҳавои сард муттаҳам карданд.
Бритониё бо бадтарин буҳрон рӯ ба рӯст
Дар давраи донишҷӯӣ Трасс ҳизби либерал-демократии донишгоҳро роҳбарӣ мекард ва як чапгарои радикалӣ буд. Дар маҷлиси ҳизбӣ дар соли 1994 вай ба сарнагун кардани монархия даъват кард: барои ин суханронӣ сиёсатмадор то ҳол интиқод мешунавад.
Трасс донишгоҳро дар соли 1996 хатм кард ва фавран ба ҳизби консервативӣ дохил шуд. Ин ба ақидаҳои сиёсии қаблии ӯ мухолиф буд. Трасс тасмими худро бо наздик шудан бо тарафдорони идеологияи тори шарҳ медиҳад.
Вай фаҳмид, онҳое, ки идеяҳои ростгароро дастгирӣ мекунанд, "воқеан одамони хуб" ҳастанд.
Па аз хатми донишгоҳ ба ҳайси директори тиҷоратӣ дар ширкати нафту гази Shell ва сипас ба ҳайси директори иқтисод дар ширкати телекоммуникатсионии Cable & Wireless кор кардааст;
соли 2008 муовини директори Маркази таҳлилии "Reform" таъин гардид;
соли 2010, пас аз ду кӯшиши бебарор, вай аз муҳофизакорони ҷанубу ғарбии Норфолк ба парлумон интихоб шуд;
моҳи сентябри соли 2012, сарвазири Бритониё (2010-2016) Дэвид Кэмерон ӯро ба вазифаи ёвари парлумонии вазири маориф таъин кард;
аз июли соли 2014, Трасс дар вазифаи вазири муҳити зист, озуқа ва кишоварзӣ кор кардааст;
моҳи июли соли 2016, Трасс дар кобинаи якуми Тереза ​​Мэй (2016-2017) лорд канслер ва котиби давлатии адлия таъин шуд;
аз моҳи июни соли 2017 дар ҳукумати дуввуми Тереза ​​Мэй саркотиби хазина буд;
24 июли соли 2019 Трасс дар ҳукумати Борис Ҷонсон вазири савдои хориҷӣ ва раиси Шӯрои тиҷоратии Бритониё таъин шуд;
Бонуи матин: корномаи сиёсии Лиз Трасс – акс
10 сентябри соли 2019 вай инчунин вазири умури занон таъйин шуд;
15 сентябри соли 2021, Трасс вазири корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалӣ таъин шуд;
10 июли соли 2022, пас аз истеъфои сарвазир Борис Ҷонсон, Лиз Трасс номзадии худро ба мақоми сарвазири Британияи Кабир эълон кард.
6 сентябри соли 2022 вай расман сарвазири Британияи Кабир шуд. Ӯ як моҳу ду ҳафта дар ин вазифа монд.
Дар мансаби нави худ сиёсатмадор ваъда дод, ки барои барқарор кардани иқтисод "фавран иқдом мекунад". Ӯ гуфт, ки "аз рӯзи аввал кам кардани андозҳоро" оғоз мекунад.
20 октябри соли 2022 истеъфо дод.
Трасс оиладор ва соҳиби ду духтар аст.
Лентаи хабарҳо
0