https://sputnik.tj/20221020/spad-tojikiston-guruhho-ghayriqonuni-mahv-1052271171.html
Нерӯҳои СПАД дар Тоҷикистон гурӯҳҳои ғайриқонуниро "маҳв" хоҳанд кард
Нерӯҳои СПАД дар Тоҷикистон гурӯҳҳои ғайриқонуниро "маҳв" хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷараёни тамринҳо низомиёни СПАД омодагӣ ва баргузории амалиёти ҷангӣ барои безарар гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро баррасӣ мекунанд
2022-10-20T10:59+0500
2022-10-20T10:59+0500
2022-10-20T10:59+0500
дар тоҷикистон
спад
амният ва мудофиа
тамрин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043239355_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_770440c78b5e18616b82bbc7fe200133.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон дар ҳошияи размоиши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) “Сарҳад-2022” тамринҳо баро маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ шурӯъ шуданд. Дар ин бора маркази матбуоти муштараки СПАД хабар додааст.Барои барқарор кардани вазъ дар сарҳади давлатӣ низ чораҳои махсус андешида мешаванд. Зимнан зикр мегардад, ки дар машқҳои "Ҳарбмайдон" гуруҳҳои низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ, гурӯҳҳои оперативии Ситоди муштарак ва Котиботи СПАД ширкат доранд. Асоси қитъаи низомии Русияро хизматчиёни ҳарбии Ҳавзаи марказии низомии пойгоҳи низомии 201 ташкил медиҳанд. Дар тамринҳо ҳудуди 1000 нафар, беш аз 300 воҳиди низомӣ ва техникаи махсус, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва бесарнишинҳо ширкат доранд.Ҳадаф аз ин машқҳо аз ҷониби нерӯҳои дастаҷамъии СПАД таҳияи масъалаҳои омодагӣ ва баргузории амалиёти ҷангӣ барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СПАД таҷовуз кардаанд, равона карда шудааст. Машқҳои "Сарҳад-2022" аз 10 то 21 октябр баргузор шуда, марҳилаи фаъоли машқҳо аз 17 октябр оғоз шудааст.
https://sputnik.tj/20220910/zas-spad-amniyat-azo-1051307922.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043239355_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6073de0ec1548a379cbe75abe7e868b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
спад тоҷикистон гурӯҳҳо ғайриқонунӣ "маҳв" размоиш
спад тоҷикистон гурӯҳҳо ғайриқонунӣ "маҳв" размоиш
Нерӯҳои СПАД дар Тоҷикистон гурӯҳҳои ғайриқонуниро "маҳв" хоҳанд кард
Дар ҷараёни тамринҳо низомиёни СПАД омодагӣ ва баргузории амалиёти ҷангӣ барои безарар гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар тамрингоҳҳои Тоҷикистон дар ҳошияи размоиши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) “Сарҳад-2022” тамринҳо баро маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ шурӯъ шуданд.
Дар ин бора маркази матбуоти муштараки СПАД хабар додааст.
"Дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон"-и ВКД ҶТ ба иҷрои вазифаҳои марҳилаи навбатӣ шурӯъ карданд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои фармондеҳии ҷузъу томҳо дар ҷилавгирӣ ва нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ баррасӣ мешаванд", - омадааст дар хабар.
Барои барқарор кардани вазъ дар сарҳади давлатӣ низ чораҳои махсус андешида мешаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар машқҳои "Ҳарбмайдон" гуруҳҳои низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ, гурӯҳҳои оперативии Ситоди муштарак ва Котиботи СПАД ширкат доранд.
Асоси қитъаи низомии Русияро хизматчиёни ҳарбии Ҳавзаи марказии низомии пойгоҳи низомии 201 ташкил медиҳанд.
Дар тамринҳо ҳудуди 1000 нафар, беш аз 300 воҳиди низомӣ ва техникаи махсус, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва бесарнишинҳо ширкат доранд.
Ҳадаф аз ин машқҳо аз ҷониби нерӯҳои дастаҷамъии СПАД таҳияи масъалаҳои омодагӣ ва баргузории амалиёти ҷангӣ барои нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари узви СПАД таҷовуз кардаанд, равона карда шудааст.
Машқҳои "Сарҳад-2022" аз 10 то 21 октябр баргузор шуда, марҳилаи фаъоли машқҳо аз 17 октябр оғоз шудааст.