https://sputnik.tj/20221020/qadam-putin-ima-1052280608.html
Путин Шарқро интихоб кард: ҷаҳонро кӣ раҳбарӣ хоҳад кард?
Путин Шарқро интихоб кард: ҷаҳонро кӣ раҳбарӣ хоҳад кард?
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Ғарбро ба чолиш кашида, самти кишварро ба сӯи давлатҳои Шарқӣ гардонид. Ин Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба ларза овард
2022-10-20T17:11+0500
2022-10-20T17:11+0500
2023-02-08T19:45+0500
владимир путин
чин
сиёсат
арабистони саудӣ
туркия
осиёи марказӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052102403_0:0:3093:1740_1920x0_80_0_0_ca1f7c76d7cfc594c1bb510f60cb6861.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Равобити Русия ва кишварҳои Шарқ ҳар қадар мустаҳкамтар шавад, ҳукмронии ҷаҳонии ИМА ҳамон қадар тезтар заиф мешавад. Дар ин бора рӯзномаи Jerusalem Post менависад. Муаллифи нашрия қайд мекунад, ки вазъи кунунии ҷаҳон на ба ҷанги сард, балки як тағйирёбии глобалӣ шабоҳат дорад. "Аз ҷаҳоне, ки марказаш Аврупо буд ва решааш, ки ҳукмронии мустамликавӣ ва ҷангҳо қарор дорад, аз ҷаҳоне, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамчун гегемони ҷаҳонӣ тартиботи худро таҳмил мекард, он ба як тартиботи нави ҷаҳонии бисёрқутбӣ, ки аз ҷониби Чин, Русия, Эрон, Туркия ва дустони онҳо идора мешавад ҳаракат мекунад", — таъкид кардааст коршинос. Ба фикри ӯ, сиёсати берунии ҳозираи Русия ба таҷрибаи Иттифоқи Шӯравӣ асос ёфтааст: мамлакат боз ба давлатҳои ҷануби ҷаҳонӣ рӯ оварда истодааст. Русия аллакай бо Чин, Эрон ва Туркия фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Як рисолат, Иттиҳодияи Аврупоро ба як тарафи низоъ табдил медиҳад: кадомМаскав ҳамчунин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Халиҷи Форс ва Покистон равобит барқарор дорад. Дар ин кор, хашми Амрико ба Арабистони Саъудӣ аз тасмими ахири коҳиши истихроҷи нафт ба нафъаш хоҳад буд.Коршинос таъкид карда, ки изҳороти Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия борҳо ба ҷаҳониён рӯшан кардааст, ки ояндаи Русия дар шарқ аст. "Президенти Русия ошкоро Ғарбро ба чолиш кашида, дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Пас ин сиёсати давлати Русия аст", - хулоса кардааст муаллифи нашрия.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052102403_89:0:2820:2048_1920x0_80_0_0_cb44ddb588c9b8546233bd65f559afc0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, има, сиёсат
владимир путин, има, сиёсат
Путин Шарқро интихоб кард: ҷаҳонро кӣ раҳбарӣ хоҳад кард?
17:11 20.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Президенти Русия Ғарбро ба чолиш кашида, самти кишварро ба сӯи давлатҳои Шарқӣ гардонид. Ин Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба "ларза" овард
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Равобити Русия ва кишварҳои Шарқ ҳар қадар мустаҳкамтар шавад, ҳукмронии ҷаҳонии ИМА ҳамон қадар тезтар заиф мешавад.
Дар ин бора рӯзномаи Jerusalem Post менависад.
Муаллифи нашрия қайд мекунад, ки вазъи кунунии ҷаҳон на ба ҷанги сард, балки як тағйирёбии глобалӣ шабоҳат дорад.
"Аз ҷаҳоне, ки марказаш Аврупо буд ва решааш, ки ҳукмронии мустамликавӣ ва ҷангҳо қарор дорад, аз ҷаҳоне, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамчун гегемони ҷаҳонӣ тартиботи худро таҳмил мекард, он ба як тартиботи нави ҷаҳонии бисёрқутбӣ, ки аз ҷониби Чин, Русия, Эрон, Туркия ва дустони онҳо идора мешавад ҳаракат мекунад", — таъкид кардааст коршинос.
Ба фикри ӯ, сиёсати берунии ҳозираи Русия ба таҷрибаи Иттифоқи Шӯравӣ асос ёфтааст: мамлакат боз ба давлатҳои ҷануби ҷаҳонӣ рӯ оварда истодааст. Русия аллакай бо Чин, Эрон ва Туркия фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Маскав ҳамчунин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Халиҷи Форс ва Покистон равобит барқарор дорад.
Дар ин кор, хашми Амрико ба Арабистони Саъудӣ аз тасмими ахири коҳиши истихроҷи нафт ба нафъаш хоҳад буд.
Коршинос таъкид карда, ки изҳороти Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия борҳо ба ҷаҳониён рӯшан кардааст, ки ояндаи Русия дар шарқ аст.
"Президенти Русия ошкоро Ғарбро ба чолиш кашида, дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Пас ин сиёсати давлати Русия аст", - хулоса кардааст муаллифи нашрия.