https://sputnik.tj/20221019/zakhmiyoni-munoqisha-marzi-shifokhona-sugd-1052265683.html
Аксари захмиёни муноқишаи марзӣ аз шифохонаҳои Суғд рухсат шудаанд
Аксари захмиёни муноқишаи марзӣ аз шифохонаҳои Суғд рухсат шудаанд
Sputnik Тоҷикистон
Садҳо сокини наздимарзии вилояти Суғд, ки дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи Қирғизистон захмӣ гардида буданд, баъди як моҳи табобат ба хонаҳояшон рухсат шудаанд
2022-10-19T20:01+0500
2022-10-19T20:01+0500
2022-10-19T20:01+0500
дар тоҷикистон
суғд
тандурустӣ
захмӣ
рухсат
исфара
беморхона
муноқиша
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/13/1052265374_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_d82a22c2aed135315b4501eaeaccd98e.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Ҳабибулло Муҳиддинзода, сардори Идораи тандурустии вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи саломатии сокинонеро, ки моҳи сентябр дар пайи вуқӯъи муноқишаи марзӣ осеб бардошта буданд шарҳ дод.Ӯ гуфт, давоми як моҳ бахши аъзами сокинон, ки бар асари даргирии марзӣ бо иллатҳои захмишавӣ бистарӣ шуда буданд, саломатиашон барқарор гардида аз шифохонаҳо рухсат шудаанд.“Ҳудуди 400 нафар захмӣ гардида буданд. Ба ҳолати имрӯза танҳо 9 нафар аз шумори умумӣ боқӣ мондаанд, ки табобаташон идома дорад. Инҳо 3 нафар дар Шифохонаи шаҳри Исфара, 1 нафар дар Шифохонаи шаҳри Бӯстон ва 5 нафари дигар дар шифохонаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ воқеъ дар Хуҷанд дар табобат қарор буда, давоми ду се рӯзи баъд ҳар кадом ба хонаҳояшон рухсат хоҳанд шуд”, - афзуд, Муҳиддинзода.Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14 -16 сентябр дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона сар зад. Ҷонибҳо ҳамдигарро дар тиркушоӣ муттаҳам намуданд. Душанбе гуфт, ки Бишкек аз ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода кард, ки ҳадафи он сокинони осоишта ва иншооти онон буд.Бино ба оморе, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон нашр намуданд, дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ дар рӯзи 16 сентябр беш аз 100 кушта аз ҳарду ҷониб ва садҳо захмӣ барҷой гузошт.Ҷониби Тоҷикистон қаблан теъдоди қурбониён аз зарбаи ҷониби Қирғизистон дар марзро 41 нафар гуфта, таъкид намуд, ки ин рақам метавонад афзоиш ёбад.Ахиран дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ феҳрасти ҳудуди 60 нафар нашр шудаст, ки гуфта мешавад, бар асари зарбаҳои охири ҷониби Қирғизистон кушта шудаанд.Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳо дар ин даргириро 59 нафар арзёбӣ кардааст.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Чунин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ то ин вақт борҳо боис ба таниш ва тирпаррониҳо шудааст.
https://sputnik.tj/20221019/vazir-difo-qirghiziston-sulh-tojikiston-1052249787.html
суғд
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/13/1052265374_304:0:1744:1080_1920x0_80_0_0_ab9928d7ed6d4240cefd4379a24dcb8a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, су-д, исфара, сокинон, захмиён, шифохона, рухсат, табобат
тоыикистон, су-д, исфара, сокинон, захмиён, шифохона, рухсат, табобат
Аксари захмиёни муноқишаи марзӣ аз шифохонаҳои Суғд рухсат шудаанд
Садҳо сокини наздимарзии вилояти Суғд, ки дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи Қирғизистон захмӣ гардида буданд, баъди як моҳи табобат ба хонаҳояшон рухсат шудаанд
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Ҳабибулло Муҳиддинзода, сардори Идораи тандурустии вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон вазъи саломатии сокинонеро, ки моҳи сентябр дар пайи вуқӯъи муноқишаи марзӣ осеб бардошта буданд шарҳ дод.
Ӯ гуфт, давоми як моҳ бахши аъзами сокинон, ки бар асари даргирии марзӣ бо иллатҳои захмишавӣ бистарӣ шуда буданд, саломатиашон барқарор гардида аз шифохонаҳо рухсат шудаанд.
“Ҳудуди 400 нафар захмӣ гардида буданд. Ба ҳолати имрӯза танҳо 9 нафар аз шумори умумӣ боқӣ мондаанд, ки табобаташон идома дорад. Инҳо 3 нафар дар Шифохонаи шаҳри Исфара, 1 нафар дар Шифохонаи шаҳри Бӯстон ва 5 нафари дигар дар шифохонаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ воқеъ дар Хуҷанд дар табобат қарор буда, давоми ду се рӯзи баъд ҳар кадом ба хонаҳояшон рухсат хоҳанд шуд”, - афзуд, Муҳиддинзода.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14 -16 сентябр дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона сар зад. Ҷонибҳо ҳамдигарро дар тиркушоӣ муттаҳам намуданд. Душанбе гуфт, ки Бишкек аз ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода кард, ки ҳадафи он сокинони осоишта ва иншооти онон буд.
Бино ба оморе, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон нашр намуданд, дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ дар рӯзи 16 сентябр беш аз 100 кушта аз ҳарду ҷониб ва садҳо захмӣ барҷой гузошт.
Ҷониби Тоҷикистон қаблан теъдоди қурбониён аз зарбаи ҷониби Қирғизистон дар марзро 41 нафар гуфта, таъкид намуд, ки ин рақам метавонад афзоиш ёбад.
Ахиран дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ феҳрасти ҳудуди 60 нафар нашр шудаст, ки гуфта мешавад, бар асари зарбаҳои охири ҷониби Қирғизистон кушта шудаанд.
Ҷониби Қирғизистон кушташудаҳо дар ин даргириро 59 нафар арзёбӣ кардааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки қисми зиёди он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Чунин номуайянӣ дар навоҳии наздисарҳадӣ то ин вақт борҳо боис ба таниш ва тирпаррониҳо шудааст.