https://sputnik.tj/20221019/khujand-korkhonai-aziya-politeks-bunyod-1052255804.html
Дар Хуҷанд корхонаи “Азия Политекс” бунёд мегардад
Дар Хуҷанд корхонаи “Азия Политекс” бунёд мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бунёди корхонаи нави истеҳсоли халтаҳои ҳаҷман калон идома дорад
2022-10-19T14:32+0500
2022-10-19T14:32+0500
2022-10-19T14:32+0500
дар тоҷикистон
коргоҳ
пластикӣ
бунёд
суғд
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102865/79/1028657993_0:51:1201:726_1920x0_80_0_0_2be6c9d22b828ade6c5dfb1a1742b162.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Раванди бунёди корхонаи нави истеҳсоли халтаҳои ҳаҷман калон, воқеъ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” идома дорад, иттилоъ додааст шаҳрдории Хуҷанд.Тибқи иттилои манбаъ, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди бунёди ин корхона шинос гардид.Корхонаи нави ҶДММ “Азия Политекс” барои истеҳсоли халтаҳои гуногунҳаҷм пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1,6 га бунёд гардидааст.Масъулини ширкати "Азия Политекс" иттилоъ доданд, ки таҷҳизоту техникаи зарурӣ аз хориҷи мамлакат ворид ва насбу васл карда мешаванд.Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни боздид зикр кардаст, ки ин иқдомро саноатчиёни шаҳр ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд.Ӯ зикр кардааст, ки дар ин замина дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" заминаҳои васеъ барои роҳандозии фаъолият муҳайё карда шудаанд.
https://sputnik.tj/20221008/khujand-khoriji-mablaghi-mahsulot-sodirot-1051979180.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102865/79/1028657993_82:0:1117:776_1920x0_80_0_0_e4215046d0202c2f4126d6106560cb7c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, корхона, пакет, пластик, хуҷанд, бунёд, суғд
тоҷикистон, корхона, пакет, пластик, хуҷанд, бунёд, суғд
Дар Хуҷанд корхонаи “Азия Политекс” бунёд мегардад
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бунёди корхонаи нави истеҳсоли халтаҳои ҳаҷман калон идома дорад
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Раванди бунёди корхонаи нави истеҳсоли халтаҳои ҳаҷман калон, воқеъ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” идома дорад, иттилоъ додааст шаҳрдории Хуҷанд.
Тибқи иттилои манбаъ, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди бунёди ин корхона шинос гардид.
Корхонаи нави ҶДММ “Азия Политекс” барои истеҳсоли халтаҳои гуногунҳаҷм пешбинӣ гардида, дар масоҳати 1,6 га бунёд гардидааст.
“Маблағи сармоявии ширкат 2,5 миллион доллари амрикоӣ буда, марҳила ба марҳила то ба 10 миллион доллар расонида мешавад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали он беш аз 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд”, - қайд кардааст манбаъ.
Масъулини ширкати "Азия Политекс" иттилоъ доданд, ки таҷҳизоту техникаи зарурӣ аз хориҷи мамлакат ворид ва насбу васл карда мешаванд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни боздид зикр кардаст, ки ин иқдомро саноатчиёни шаҳр ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд.
Ӯ зикр кардааст, ки дар ин замина дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" заминаҳои васеъ барои роҳандозии фаъолият муҳайё карда шудаанд.