https://sputnik.tj/20221018/qurboniyoni-suqut-havopaymoi-eysk-1052197206.html
Афзоиши қурбониёни суқути ҳавопаймои низомӣ дар маҳалли истиқоматӣ дар Ейск - видео
Афзоиши қурбониёни суқути ҳавопаймои низомӣ дар маҳалли истиқоматӣ дар Ейск - видео
Sputnik Тоҷикистон
Бартарафсозии харобаҳо анҷом ёфт, теъдоди ҳалокшудаҳо дақиқ гардид. Раисҷумҳури Русия барои кумак ба осебдидагон вазиронро ба ҷои ҳодиса фиристод
2022-10-18T10:10+0500
2022-10-18T10:10+0500
2022-10-18T10:11+0500
дар русия
ҳалокат
ҳолат
ситоди ҳолатҳои фавқулодда
суқут
ҳавопаймо
краснодар
садама
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/12/1052193830_0:185:2671:1687_1920x0_80_0_0_fbfb198b28a63fcde45a0259967f1125.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Бар асари сарозер шудани ҳавопаймои низомӣ ба бинои истиқоматии бисёрошёна дар дар шаҳри Ейск 13 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли ёвари вазири тандурустии Русия, Алексей Кузнетсов иттилоъ дода, афзуд, ки ҳамчунин 19 нафар ҷароҳат бардоштаанд. "Тибқи маълумоти Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, пас аз тоза кардани харобаҳо дар ҷои суқути ҳавопаймо дар шаҳри Ейск ҷасади ҳалокшудаҳо пайдо шуд. То соати 06:00-и 18 октябр дар натиҷаи суқути ҳавопаймо 13 нафар ба ҳалокат расидаанд", - гуфтаст Кузнетсов. Вай тавзеҳ дод, ки аз 19 нафари ҷароҳатбардошта 4 нафари онҳо барои табобат ба бемористони вилоятии Краснодар интиқол ёфта, боқимонда дар бемористони Ейск табобат мегиранд. Мақомот мегӯянд, феълан тозасозии харобаҳо анҷом ёфта, дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ 68 нафар наҷот дода шуда, беш аз 360 нафар аз маҳалли ҳодиса берун карда шудаанд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия низ омори ҳалокшудаю маҷруҳонро таъйид кард, ки мутаносибан 13 ва 19 нафарро ташкил медиҳанд.Маврид ба зикр аст, ки бегоҳи 17 октябр дар шаҳри Ейск як ҳавопаймои ҷангандаи фаросавтии Су-34-и Русия болои як бинои истиқоматӣ суқут кард, ки дар натиҷа сӯзишворӣ оташ гирифт. Дар пайи ҳодиса панҷ ошёнаи аввали бинои истиқоматиро сӯхтор фаро гирифт, ки дар масоҳати 2000 метри мураббаъ доман густурд. Дар зимн Кремл хабар дод, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гузориши вазирон ва волии Кубанро шунида, ба роҳбарони минтақа ва вазоратҳои ҳолатҳои изтирорию беҳдошт дастур додааст, ки барои кумак ба осебдидагон ба Ейск парвоз кунанд.Феълан аз рӯи ин ҳодиса Кумитаи тафтишотии Русия парванда оғоз карда, тафтишот идома доранд.
краснодар
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/12/1052193830_88:0:2583:1871_1920x0_80_0_0_88c9fe1e1b1bbf87a7de65afe03117d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурбониён, садама, суқут, ҳавопаймо
қурбониён, садама, суқут, ҳавопаймо
Афзоиши қурбониёни суқути ҳавопаймои низомӣ дар маҳалли истиқоматӣ дар Ейск - видео
10:10 18.10.2022 (Навсозишуда: 10:11 18.10.2022) Бартарафсозии харобаҳо анҷом ёфт, теъдоди ҳалокшудаҳо дақиқ гардид. Раисҷумҳури Русия барои кумак ба осебдидагон вазиронро ба ҷои ҳодиса фиристод
ДУШАНБЕ, 18 окт – Sputnik. Бар асари сарозер шудани ҳавопаймои низомӣ ба бинои истиқоматии бисёрошёна дар дар шаҳри Ейск 13 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли ёвари вазири тандурустии Русия, Алексей Кузнетсов иттилоъ дода, афзуд, ки ҳамчунин 19 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
"Тибқи маълумоти Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, пас аз тоза кардани харобаҳо дар ҷои суқути ҳавопаймо дар шаҳри Ейск ҷасади ҳалокшудаҳо пайдо шуд. То соати 06:00-и 18 октябр дар натиҷаи суқути ҳавопаймо 13 нафар ба ҳалокат расидаанд", - гуфтаст Кузнетсов.
Вай тавзеҳ дод, ки аз 19 нафари ҷароҳатбардошта 4 нафари онҳо барои табобат ба бемористони вилоятии Краснодар интиқол ёфта, боқимонда дар бемористони Ейск табобат мегиранд.
"Ба осебдидагон тамоми кумакҳои зарурии тиббӣ ва равонӣ расонида мешавад. Ин раванд таҳти назорати шахсии вазири беҳдошт Михаил Мурашко мебошад", - афзуд ёвар.
Мақомот мегӯянд, феълан тозасозии харобаҳо анҷом ёфта, дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ 68 нафар наҷот дода шуда, беш аз 360 нафар аз маҳалли ҳодиса берун карда шудаанд.
Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия низ омори ҳалокшудаю маҷруҳонро таъйид кард, ки мутаносибан 13 ва 19 нафарро ташкил медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки бегоҳи 17 октябр дар шаҳри Ейск як ҳавопаймои ҷангандаи фаросавтии Су-34-и Русия болои як бинои истиқоматӣ суқут кард, ки дар натиҷа сӯзишворӣ оташ гирифт.
Дар пайи ҳодиса панҷ ошёнаи аввали бинои истиқоматиро сӯхтор фаро гирифт, ки дар масоҳати 2000 метри мураббаъ доман густурд.
Дар зимн Кремл хабар дод, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гузориши вазирон ва волии Кубанро шунида, ба роҳбарони минтақа ва вазоратҳои ҳолатҳои изтирорию беҳдошт дастур додааст, ки барои кумак ба осебдидагон ба Ейск парвоз кунанд.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса Кумитаи тафтишотии Русия парванда оғоз карда, тафтишот идома доранд.