Су-34 соати 18:10 ба як бинои нӯҳошёна дар дохили шаҳр бархӯрд. Ҳавопаймо ҳангоми баромадан ба парвози омӯзишӣ суқут кардааст.

Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, иллати суқути ҳавопаймо, бино ба гузориши ду халабони, оташ гирифтани яке аз муҳаррикҳо ҳангоми парвоз будааст.

Наҷотдиҳандагон ва сӯхторнишонҳо муддати тӯлонӣ натавонистанд ба бино наздик шаванд, то амалиёти наҷотро оғоз кунанд, зеро тамоми гирду атрофи ҳавопайморо оташи шадид фаро гирифта буд.

Ба халабонҳо муяссар шуд, ки дар сонияҳои охир аз ҳавопаймо берун оянд.

Масоҳати сӯхтор 2 ҳазор метри мураббаъ арзёбӣ шуда, аз ошёнаҳои 1 то 5 сӯхтааст.

Дар ҷараёни ҳодисаи изтирорӣ 363 нафар аз бино берун карда шуданд. Дар маҷмӯъ дар он қариб 600 нафар шаҳрвандон зиндагӣ мекарданд, ки 76 нафари онҳо кӯдакон буданд.

То соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ сӯхтор хомӯш карда шуд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ қариб 72 хона зарар дидааст.

Мақомоти вилоят хабар доданд, ки ба хонаводаҳои қурбониён 1 миллион рубл пардохт хоҳанд кард ва 400 ҳазории дигарро қурбониёни дараҷаи миёна ва шадид дарёфт хоҳанд кард. Дар сурати андаке осеб дидани саломатӣ ба ҳар кадом 200 ҳазор рублӣ медиҳанд.

Барои нобуд шудани мол ба ҳар як узви оила 100 000, барои қисман гум шудан 50 000 ва барои ҳар як зарардида 10 000 рубли яквақта кӯмакпулӣ ҷудо карда мешавад.

Дар натиҷаи ин ҳодиса 10 калонсол ва 3 кӯдак ба ҳалокат расид. 19 нафари дигар захмӣ шудаанд, ки панҷ нафари онҳо кӯдакон мебошанд.

Ҳамчунин 68 нафар наҷот, зиёда аз 360 нафар кӯчонида шуданд.

Ба одамоне, хонаҳояшонро аз даст доданд, дар сурати барқарор нашудани бино макони зисти нав дода мешавад.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дастур дод, ки ба осебдидагон тамоми кумакҳои зарурӣ расонида шавад.

Муфаттишон "қуттиҳои сиёҳ"-и ҳавопаймоҳоро гирифта, халабонҳоро бозпурсӣ мекунанд.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои ҳодиса корҳоро идома медиҳанд.

Дар пайи суқути ҳавопаймо аз рӯи моддаи вайрон кардани қоидаҳои парвоз ё омодагӣ ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Лавҳаи хотира аз ҳодисаи мудҳиш дар назди хонае, ки ҳавопаймои низомӣ афтид, гузошта шуд.