https://sputnik.tj/20221017/zass-dushanbe-rohbaron-tojikiston-amniyat-1052178014.html
Зас озими Душанбе шуд: Бо роҳбарони Тоҷикистон амниятро баррасӣ мекунад
Зас озими Душанбе шуд: Бо роҳбарони Тоҷикистон амниятро баррасӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо роҳбарияти сиёсию низомии Тоҷикистон масоили ҳамкориҳоро дар бахши амниятӣ баррасӣ мекунад
2022-10-17T14:35+0500
2022-10-17T14:35+0500
2022-10-17T14:35+0500
дар тоҷикистон
саад
амният ва мудофиа
станислав зас
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042306331_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_5777a8d773da536c9b734922fbbf5680.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Дабири кулли СААД, Станислав Зас барои иштирок дар ҳамоиши байналмилалӣ ва мулоқот бо роҳбарияти Тоҷикистон озими Душанбе шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти СААД, Зас 17 октябр ба Тоҷикистон раҳсипор гардида, бо роҳбарияти низомию сиёсии ин кишвар мулоқот хоҳад кард. Дар доираи сафар дабири СААД инчунин дар конфронси сатҳи баланд таҳти унвони "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо" иштирок хоҳад кард. Конфронси мазкур 18 - 19 октябри соли равон дар назар буда, намояндагони зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон, инчунин роҳбарияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ барои иштирок дар он дархост ирсол кардаанд.Сафари Зас ба Душанбе дар ҳолест, ки ӯ қаблан ба шаҳри Бишкек рафта, бо роҳбарияти сиёсию низомии Қирғизистон масоили амниятӣ, аз ҷумла марзӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ карда буд. СААД қаблан борҳо аз Қирғизистону Тоҷикистонро даъват намуд, ки аз истифодаи силоҳ худдорӣ намоянду масоили марзияшонро танҳо аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намоянд.
https://sputnik.tj/20221011/tojikon-namonem-qirghiziston-laghvi-mashqhoi-saad-1052027471.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042306331_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_96b26e56c4eb16d5945d84df90f1f73f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар, дабир, кул, саад, душанбе
сафар, дабир, кул, саад, душанбе
Зас озими Душанбе шуд: Бо роҳбарони Тоҷикистон амниятро баррасӣ мекунад
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бо роҳбарияти сиёсию низомии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар бахши амниятӣ баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Дабири кулли СААД, Станислав Зас барои иштирок дар ҳамоиши байналмилалӣ ва мулоқот бо роҳбарияти Тоҷикистон озими Душанбе шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти СААД, Зас 17 октябр ба Тоҷикистон раҳсипор гардида, бо роҳбарияти низомию сиёсии ин кишвар мулоқот хоҳад кард.
Дар доираи сафар дабири СААД инчунин дар конфронси сатҳи баланд таҳти унвони "Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо" иштирок хоҳад кард.
Конфронси мазкур 18 - 19 октябри соли равон дар назар буда, намояндагони зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон, инчунин роҳбарияти созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ барои иштирок дар он дархост ирсол кардаанд.
Сафари Зас ба Душанбе дар ҳолест, ки ӯ қаблан ба шаҳри Бишкек рафта, бо роҳбарияти сиёсию низомии Қирғизистон масоили амниятӣ, аз ҷумла марзӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ карда буд.
СААД қаблан борҳо аз Қирғизистону Тоҷикистонро даъват намуд, ки аз истифодаи силоҳ худдорӣ намоянду масоили марзияшонро танҳо аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намоянд.