https://sputnik.tj/20221017/tojikiston-tamrinho-nizomii-spad-marz-1052177496.html
Дар Тоҷикистон марҳилаи муҳими тамринҳои низомии СПАД “Марз-2022” оғоз шуд
Дар Тоҷикистон марҳилаи муҳими тамринҳои низомии СПАД “Марз-2022” оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар қаламрави Тоҷикистон марҳилаи фаъоли тамринҳои муштаракаи низомии кишварҳои узви СПАД бо номи “Марз-2022” оғоз шуд
2022-10-17T15:15+0500
2022-10-17T15:15+0500
2022-10-17T15:15+0500
дар тоҷикистон
спад
тамрин
низомӣ
тамринҳои низомӣ
"ҳарбмайдон"
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/82/1029888286_0:79:2920:1722_1920x0_80_0_0_cea6de5480d24bd46108069e4a51345f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Тамриноти муштараки низомии нерӯҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ "Марз-2022" ахиран дар қаламрави Тоҷикистон оғоз шуд, хабар медиҳад маркази матбуъотии тамриноти муштараки СПАД."Имрӯз дар Тоҷикистон дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон" марҳилаи фаъоли тамринҳои муштараки низомӣ бо нерӯҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ "Марз-2022" оғоз шуд", - омадааст дар хабар.Дар маросими ифтитоҳи тамринҳо сардори Ситод генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода, сардори ситоди муштараки СПАД генерал-полковник Анатолий Сидоров, муовини дабири кулли СПАД Тоҳир Хайруллоев иштирок доштанд.Ҳамчунин дар ин маросим намояндагони қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои минтакаи Осиёи Миёнаи амнияти коллективии СПАД низ ҳузур доштанд.Бахши умдаи нерӯҳои Русияро дар ин тамринҳо хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-и ин кишвар ташкил медиҳанд. Дар машқҳо ҳудуди 1000 нафар ва беш аз 300 воҳиди техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро иштирок доранд. Ҳадафи ин машқҳо аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии шартӣ мебошад, ки ба қаламрави як кишвари узви СПАД ворид шудаанд.“Воҳидҳо вазифаҳои махсус дар бораи ба рафъи сохторҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ, озод кардани объектҳои забтшуда, гузаронидани амалиёти ҷангӣ ва махсус дар барқарорсозии қитъаи сарҳади давлатиро иҷро мекунанд”, - гуфт Сидоров.
https://sputnik.tj/20221015/tamrinho-spad-tojikiston-barqaror-marz-davlat-1052158822.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102988/82/1029888286_0:0:2296:1722_1920x0_80_0_0_3b757b3b6bc7035767a419552416bbc7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, марз, тамрин, низомӣ, спад, машқ, "марз-2022"
тоҷикистон, марз, тамрин, низомӣ, спад, машқ, "марз-2022"
Дар Тоҷикистон марҳилаи муҳими тамринҳои низомии СПАД “Марз-2022” оғоз шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон марҳилаи фаъоли тамринҳои муштаракаи низомии кишварҳои узви СПАД бо номи “Марз-2022” оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Тамриноти муштараки низомии нерӯҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ "Марз-2022" ахиран дар қаламрави Тоҷикистон оғоз шуд, хабар медиҳад маркази матбуъотии тамриноти муштараки СПАД.
"Имрӯз дар Тоҷикистон дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон" марҳилаи фаъоли тамринҳои муштараки низомӣ бо нерӯҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ "Марз-2022" оғоз шуд", - омадааст дар хабар.
Дар маросими ифтитоҳи тамринҳо сардори Ситод генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода, сардори ситоди муштараки СПАД генерал-полковник Анатолий Сидоров, муовини дабири кулли СПАД Тоҳир Хайруллоев иштирок доштанд.
Ҳамчунин дар ин маросим намояндагони қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои минтакаи Осиёи Миёнаи амнияти коллективии СПАД низ ҳузур доштанд.
Бахши умдаи нерӯҳои Русияро дар ин тамринҳо хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-и ин кишвар ташкил медиҳанд. Дар машқҳо ҳудуди 1000 нафар ва беш аз 300 воҳиди техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро иштирок доранд. Ҳадафи ин машқҳо аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии шартӣ мебошад, ки ба қаламрави як кишвари узви СПАД ворид шудаанд.
“Воҳидҳо вазифаҳои махсус дар бораи ба рафъи сохторҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ, озод кардани объектҳои забтшуда, гузаронидани амалиёти ҷангӣ ва махсус дар барқарорсозии қитъаи сарҳади давлатиро иҷро мекунанд”, - гуфт Сидоров.