Ошпаз аз Бразилия: президент тарабхонаи "Латина-Душанбе"-ро кушод

© PixabayПовар готовит блюдо
Повар готовит блюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2022
Обуна шудан
Иншооти нави хизматрасонӣ, ки дар соҳили "Кули ҷавонон" қомат афрохтааст, дар ҳамкорӣ бо бренди ширкати машҳури бразилиягӣ, сохта шудааст.
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои пойтахт тарабхонаи бразилии "Латина-Душанбе"-ро ифтитоҳ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, иншооти ҷадид дар маҳалли хушбоду ҳавои соҳили "Кули ҷавонон" қомат афрохтааст.
Таъкид шудааст, ки ба масъалаи таъсис ва таъмини ҷойҳои нави корӣ барои сокинони пойтахт аҳамияти аввалиндараҷа дода шудаст.
"Дар тарабхона 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, дар мавсими гармо 10 нафар пешхизмат ба шуғли муваққатӣ фаро гирифта мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Зарфияти ғунҷоиши тарабхона дар як вақт 250 нафар арзёбӣ шуда, он аз рӯи "франшиза", яъне дар асоси шартнома истифода бурдани бренди машҳури хориҷӣ ва технологияи он бунёд гардидааст.
Барои пеш бурдани кори тарабхона ва пухтани таъомҳои гуногун шаҳрванди кишвари Бразилия ҷалб гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо ошпазҳо ва кадбонуҳои тоҷик ба мардум хизмат мерасонанд, омадааст дар иттилоия.
Дискотека в ночном клубе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Дискотекаравии раиси Кумитаи ҷавонон: фаҳшу фуҷуре надидам, толор торик, ҳама дар ҷояш
Дафтари матбуоти раисҷумҳур афзудааст, ки дар тарабхонаи "Латино-Душанбе", ки дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ нахустин мебошад, 110 намуд хурок тайёр ва ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад.
Таъкид гардидаст, ки маросими ифтитоҳи расмии тарабхонаи бразилягии "Латино -Душанбе" рӯзи 22 октябр бо доир кардани шоу-барномаи рангини бразилиягӣ, баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0