Наҷоти гардишгари дармондаи рус ва роҳбалади тоҷикаш аз куҳҳои Варзоб

© Sputnik / Амир ИсаевПриветственная Стелла в город Варзоб, архивное фото
Приветственная Стелла в город Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2022
Обуна шудан
Ин дуюмин ҳолати дармондани гардишгарон аз Русия дар куҳҳои Варзоб тайи ҳафтаҳои охир мебошад, ки бо кумаки наҷотдиҳандагони КҲФ поин оварда шуданд
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон як гардишгари рус ва ҳамсафари тоҷики ӯро аз куҳҳои Варзоб наҷот доданд.
Ба иттилои КҲФ, ин ду нафар рӯзи 14 октябр дар кӯҳҳои назди деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб нопадид шуда буданд.
Дар бораи нопадид шудани онҳо ба қисми навбатдории Кумита як нафари дигар аз шаҳрвандони Русия хабар дод, афзуд КҲФ.
Таъкид шудаст, ки шабона дастаи имдодгарони КҲФ ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд.
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Шумори сайёҳони хориҷӣ дар Суғд афзудааст: аз ҳама бештар ӯзбекону русҳо омадаанд
Манбаъ афзуд, ки рӯзи дигар гардишгари рус Тулаев Иляи 34-сола ва роҳбалади ӯ ҷавони тоҷики 28-сола аз баландии 2850 метр аз сатҳи баҳр пайдо ва беосеб поин оварда шуданд.
КҲФ таъкид намуд, ки ин нахустин ҳолати наҷот додани гардишгарони Русия дар ин мавзеъ нест.
Зикр гардид, ки ҳодисаи аввал 25-уми сентябри соли равон рух дода буд. Се гардишгар дар кӯҳи деҳаи Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб ба фалокат дучор омадаву яке ҳангоми афтодан маъюб шуда буд.
Ин се тан дар ин макон ба ҳоли ногувор афтодаву дигар наметавонистанд бе кумаки дигарон худро наҷот диҳанд. Танҳо баъди дахолати имдодгарон гардишгарон ба ҷои бехавф интиқол дода шуданд.
Лентаи хабарҳо
0