https://sputnik.tj/20221017/havo-sard-hushdori-havoshinosoni-tojik-1052182802.html
Ҳаво сард мешавад: Ҳушдори ҳавошиносони тоҷик
Ҳаво сард мешавад: Ҳушдори ҳавошиносони тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносон мегӯянд, дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои кишвар омадани сел дар назар аст
2022-10-17T18:45+0500
2022-10-17T18:45+0500
2022-10-17T18:45+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
сардиҳо
борон
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032164977_0:116:3071:1843_1920x0_80_0_0_aa77190fd5400cad9db0738d1231e33c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Аз 18-ум то 20-уми октябри соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво номусоид хоҳад шуд, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар.Тибқи иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо шамолҳои сахт, борон дар водиҳо ва дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, ҳамчунин сард шудани қисмати болоии хок дар назар аст.КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда шитоб кунанд, то сардиҳо ба маҳсулоти ҳанӯз дар заминҳо хобидаи кишоварзӣ таъсир нарасонанд.“Ба соҳаи чорвопарварӣ диққати бештар бояд дод, ҳангоми чорвочаронӣ дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ бояд хеле эҳтиёткор буд”, - қайд кардааст манбаъ.КҲФ аз сокиноне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, хоҳиш кардааст, ки хеле эҳтиёткор бошанд, дар чунин рӯзҳо ҳаргиз маслиҳат надиҳанд, ки кӯдакону наврасонро барои ҷамъоварии ҳезум ва алаф, чорвочаронӣ ва анҷоми корҳои дигари саҳро равона созанд.Ин ниҳоди давлатӣ ҳамчуни аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки мушкилоти роҳҳои кӯҳиро дар оғози фасли сард ба хотир оранд.Таъкид шудааст, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳо ҳам барои мусофирон ва ҳам барои ронандагон гарави аслии амният аст.
https://sputnik.tj/20221016/borishot-nest-havo-tojikiston-1052162540.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032164977_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_cf24338030132c23065a84a9e22472ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, обуҳаво, обуҳавошиносон, сард, ҳушдор, вазъ, сел
тоҷикистон, обуҳаво, обуҳавошиносон, сард, ҳушдор, вазъ, сел
Ҳаво сард мешавад: Ҳушдори ҳавошиносони тоҷик
Обуҳавошиносон мегӯянд, дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои кишвар омадани сел дар назар аст
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Аз 18-ум то 20-уми октябри соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво номусоид хоҳад шуд, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо шамолҳои сахт, борон дар водиҳо ва дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, ҳамчунин сард шудани қисмати болоии хок дар назар аст.
КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш кардааст, барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда шитоб кунанд, то сардиҳо ба маҳсулоти ҳанӯз дар заминҳо хобидаи кишоварзӣ таъсир нарасонанд.
“Ба соҳаи чорвопарварӣ диққати бештар бояд дод, ҳангоми чорвочаронӣ дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ бояд хеле эҳтиёткор буд”, - қайд кардааст манбаъ.
КҲФ аз сокиноне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, хоҳиш кардааст, ки хеле эҳтиёткор бошанд, дар чунин рӯзҳо ҳаргиз маслиҳат надиҳанд, ки кӯдакону наврасонро барои ҷамъоварии ҳезум ва алаф, чорвочаронӣ ва анҷоми корҳои дигари саҳро равона созанд.
“Ҳамчунин хоҳиш мекунад, ғами саломатии худро низ хӯранд ва либоси гарм пӯшанд, то гирифтори ҳар гуна бемориҳои назири сармохӯрдагӣ нагарданд”, - қайд кардааст КҲФ.
Ин ниҳоди давлатӣ ҳамчуни аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки мушкилоти роҳҳои кӯҳиро дар оғози фасли сард ба хотир оранд.
“Ҳавои сарду боронӣ метавонад ба гардишу ҳаракати мошини шумо мушкил эҷод кунад. Аз ин рӯ, қабл аз сафар мошинҳои худро ҷиддан аз назар гузаронед”, - зикр шудааст.
Таъкид шудааст, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳо ҳам барои мусофирон ва ҳам барои ронандагон гарави аслии амният аст.