https://sputnik.tj/20221016/pisar-muhofiz-prezident-tojikiston-1052164749.html
Таъйиноту барканориҳо дар Тоҷикистон: Писари муҳофизи президент мақоми нав гирифт - акс
Таъйиноту барканориҳо дар Тоҷикистон: Писари муҳофизи президент мақоми нав гирифт - акс
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат дар ҳайати мушовараи Вазорати молияи кишвар афроди ҷадидро таъйин намуду бархеро бозхонд
2022-10-16T15:10+0500
2022-10-16T15:10+0500
2022-10-16T15:13+0500
дар тоҷикистон
вазорати молия
таъйинот
муҳофизат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041880886_0:0:1653:930_1920x0_80_0_0_36030a5a3dccee41d591cd02f232a782.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори ҳукумат дар ҳайати мушовараи Вазорати молия 3 нафари навро таъйин кард. Бар асоси қарори ҳукумат, аз ҷумла Саидзода Дилшод Мурод ба ҳайси узви нави ҳайати мушовараи Вазорати молияи ҶТ таъйин гардид. Дилшод Саидзодаи 32-сола писари генерал Мурод Саидов мебошад, ки тайи қариб 30 соли охир муҳофизи рақами 1-и Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дилшод Саидзода дар интихоботи парлумонии соли 2020 аз ҳавзаи интихоботии №4-и ноҳияи Шоҳмансур вакили Маҷлиси вакилони халқии Душанбе интихоб гардида, дар мақоми сардори Нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар баробари Саидзода ҳамчунин Азимӣ Заъфари Исмоил ва Завқибек Шодиён аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати молия таъйин шудаанд. Азимӣ Заъфар Исмоил, собиқ мақомдори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мебошад, ки баъди барканорӣ аз ин ниҳод ба кор дар мақомоти молия пардохт. Завқибек Шодиён собиқ мақомдори Кумитаи андози Тоҷикистон мебошад, ки баъдан ба роҳбарии Сарраёсати сиёсати андоз ва даромадҳо дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ таъйин шуд. Дар зимн бо қарори ҳукумат аз ҳайати мушовараи Вазорати молияи Тоҷикистон Назулло Абибуллоев, Файзалӣ Сафаров ва Афғонов Темуралӣ берун карда шуданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041880886_186:0:1653:1100_1920x0_80_0_0_f314cf22c9c25b39f00c17afb27c2df3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
писар, муҳофиз, президент, мақом, нав
писар, муҳофиз, президент, мақом, нав
Таъйиноту барканориҳо дар Тоҷикистон: Писари муҳофизи президент мақоми нав гирифт - акс
15:10 16.10.2022 (Навсозишуда: 15:13 16.10.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат дар ҳайати мушовараи Вазорати молияи кишвар афроди ҷадидро таъйин намуду бархеро бозхонд
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори ҳукумат дар ҳайати мушовараи Вазорати молия 3 нафари навро таъйин кард.
Бар асоси қарори ҳукумат, аз ҷумла Саидзода Дилшод Мурод ба ҳайси узви нави ҳайати мушовараи Вазорати молияи ҶТ таъйин гардид. Дилшод Саидзодаи 32-сола писари генерал Мурод Саидов мебошад, ки тайи қариб 30 соли охир муҳофизи рақами 1-и Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дилшод Саидзода дар интихоботи парлумонии соли 2020 аз ҳавзаи интихоботии №4-и ноҳияи Шоҳмансур вакили Маҷлиси вакилони халқии Душанбе интихоб гардида, дар мақоми сардори Нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Тоҷикистон фаъолият дорад.
Дар баробари Саидзода ҳамчунин Азимӣ Заъфари Исмоил ва Завқибек Шодиён аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати молия таъйин шудаанд.
Азимӣ Заъфар Исмоил, собиқ мақомдори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мебошад, ки баъди барканорӣ аз ин ниҳод ба кор дар мақомоти молия пардохт.
Завқибек Шодиён собиқ мақомдори Кумитаи андози Тоҷикистон мебошад, ки баъдан ба роҳбарии Сарраёсати сиёсати андоз ва даромадҳо дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ таъйин шуд.
Дар зимн бо қарори ҳукумат аз ҳайати мушовараи Вазорати молияи Тоҷикистон Назулло Абибуллоев, Файзалӣ Сафаров ва Афғонов Темуралӣ берун карда шуданд.