Додугирифтҳои шабона бо пулҳои қалбакӣ дар Суғд

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2022
Обуна шудан
Дар шимоли Тоҷикистон ба андозаи даҳҳо ҳазор сомонӣ пулҳои қалбакӣ ошкор карда шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот аз асл фарқи хеле каме доштанд
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Як сокини шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми сохтани пулҳои қалбакӣ боздошт карда шуд, хабар дод мақомоти умури дохилии вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, асосан пулҳои тақаллубӣ 50-сомониҳое будаанд, ки хеле монандӣ ба асл доштаанд.
"Дастгиршуда 90 ҳазор сомонии қалбакиро, ки ҳамагӣ купюраҳои 50-сомонӣ буд, ба муомилот баровардаст", - афзуд мақомоти умури дохилӣ.
Тавзеҳ дода шудааст, ки муттаҳам пулҳои қалбакиро барои харидории мошину чорво истифода мекардааст. Мақомот мегӯянд, барои анҷоми додугирифт махсусан вақти муайян интихоб мекардаст.
Доллар и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2022
Сокини Душанбе барои ба муомилот баровардани ҳазорҳо доллару еврои қалбакӣ боздошт шуд
Таъкид гардидаст, ки айбдоршаванда пулҳои қалбакиро асосан шомгоҳону шабона ба муомилот мебаровардааст, то амали сохтакорияш ошкор нашавад.
Мақомот мегӯянд, алайҳи ӯ бо моддаи 281-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст, ки он аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳолатҳои ба муомилот баровардани доллару евроҳои қалбакӣ гузориш дода буд.
Дар зимн мақомот аз сокинони кишвар хостанд, ҳангоми додугирифти пулӣ аз эҳтиёт кор бигиранд. Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ борҳо аз ошкорсозии чунин ҳолатҳо гузориш дода буданд.
Лентаи хабарҳо
0