Раҳмон аз таҳримҳои иқтисодӣ, гаронии нарху наво ва роҳи ҳалли ин мушкилотро нишон дод

© Пресс-служба президента ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2022
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон шаҳрвандонро бо ҷашни Меҳргон табрик намуд ва гуфт дар шароите, ки нархи маводи ғизоӣ гарон шудааст, чӣ бояд кард
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат субҳи 15 октябр тоҷикистониёнро бо фарорасии ҷашни Меҳргон — яке аз куҳантарин ойинҳои мардуми куҳанбунёди тоҷик, самимона табрик намуд.
Дар матни табрикотие, ки котиботи президент нашр намуд, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Меҳргон ҷашнест, ки бар асоси қонунҳои табиат, баробаршавии шабу рӯз дар фасли тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосилоти кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст.
Ба таъкиди роҳбари давлат, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ ҷашни Меҳргон бо тамоми расму одатҳои неки он аз нав зинда гардонда шуд.
Мехргон – праздник земледельцев, урожая и изобилия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Меҳргон ва оини он: Тоҷикистон иди аҷдодиро чӣ гуна ҷашн мегирад
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ, болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ қайд намуд.
Ӯ гуфт, дар шароити вазнин мардуми тоҷик бояд беш аз ҳар вақти дигар кор кунад, заҳмат кашад то ҳарчи бештар маҳсулоти озуқаворӣ истеҳсол ва захира намояд.
"Истифодаи самараноки обу замин, технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи мо дар вазъияти кунунӣ мебошад", - тавзеҳ дод президент.
Ба таъкиди Раҳмон, корро дар ин самт тавре ба роҳ бояд монд, ки мардум дар фасли зимистон ба камбудиву танқисӣ рӯ ба рӯ нашаванд ва муҳтоҷӣ накашанд.
Президент изҳори боварӣ кард, ки кишоварзони мамлакат ва кулли мардуми кишвар бо заҳмати дастҷамъонаи худ ба хотири ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ беш аз пеш саъю талош мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0