https://sputnik.tj/20221015/qarz-maosh-sughd-haq-1052150515.html
Қарзи маош дар Суғд: кӣ ҳаққи кормандонро надодааст?
Қарзи маош дар Суғд: кӣ ҳаққи кормандонро надодааст?
Sputnik Тоҷикистон
Дар шимоли Тоҷикистон бештарин қарзи музди меҳнат барои кормандон чун ҳамешагӣ дар соҳаи саноати куҳӣ боқӣ мондааст, аз 14 миллион сомонӣ зиёд аст
2022-10-15T10:55+0500
2022-10-15T10:55+0500
2022-10-15T11:21+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
музди меҳнат
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_a913786569dea5a08ee8383049b07a67.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тақрибан 73% тамоми қарзҳои музди меҳнат дар вилояти Суғд ба бахши воқеии иқтисод рост меояд. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки соли равон дар вилояти Суғд музди миёнаи моҳонаи номиналӣ (ҳисобшуда) дар моҳҳои январ-августи соли 2022 1578,22 сомониро ташкил додааст. Дар баробари ин, пардохт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,9 фоиз афзудааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳо оид ба пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои қаблӣ дар охири моҳи августи соли 2022 ба беш аз 19,6 миллион сомонӣ расид. Дар ҳамин ҳол, дар моҳҳои январ-август қарз 752,2 ҳазор сомонӣ ё 3,8%-и ҳаҷми умумии қарзро ташкил дод. Қарз аз ҳама бештар дар бахши истихроҷи маъдан боқӣ монда, 14 миллиону 348,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 73 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад. Дар баробари ин додани музди мехнат дар бахшҳои обрасонӣ, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва ба даст овардани ашёи хоми дуЮм — 2,6 миллион ё худ 13,6%, дар хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳидорӣ — 270 ҳазор сомонӣ ё 1,4% кашол ёфт.
https://sputnik.tj/20220726/vazorat-meschnat-guft-maoshi-miyona-tojikiston-1050261525.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219722_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4d642e617d16e744d574f4fc141d0473.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарз маош суғд
Қарзи маош дар Суғд: кӣ ҳаққи кормандонро надодааст?
10:55 15.10.2022 (Навсозишуда: 11:21 15.10.2022) Дар шимоли Тоҷикистон бештарин қарзи музди меҳнат барои кормандон чун ҳамешагӣ дар соҳаи саноати куҳӣ боқӣ мондааст, аз 14 миллион сомонӣ зиёд аст
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тақрибан 73% тамоми қарзҳои музди меҳнат дар вилояти Суғд ба бахши воқеии иқтисод рост меояд.
Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки соли равон дар вилояти Суғд музди миёнаи моҳонаи номиналӣ (ҳисобшуда) дар моҳҳои январ-августи соли 2022 1578,22 сомониро ташкил додааст.
Дар баробари ин, пардохт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,9 фоиз афзудааст.
Ҳаҷми умумии уҳдадориҳо оид ба пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои қаблӣ дар охири моҳи августи соли 2022 ба беш аз 19,6 миллион сомонӣ расид.
Дар ҳамин ҳол, дар моҳҳои январ-август қарз 752,2 ҳазор сомонӣ ё 3,8%-и ҳаҷми умумии қарзро ташкил дод.
Қарз аз ҳама бештар дар бахши истихроҷи маъдан боқӣ монда, 14 миллиону 348,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 73 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин додани музди мехнат дар бахшҳои обрасонӣ, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва ба даст овардани ашёи хоми дуЮм — 2,6 миллион ё худ 13,6%, дар хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳидорӣ — 270 ҳазор сомонӣ ё 1,4% кашол ёфт.