Мулоқоти Раҳмон ва Мирзиёев: президентҳо чиро баррасӣ карданд

© пресс-служба главы РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2022
Обуна шудан
Раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва конфронси "Русия ва Осиёи Марказӣ" мулоқот карданд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбакистон мулоқот карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон хабар додааст.
Мулоқоти ду раҳбар дар Остона дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва конфронси "Русия ва Осиёи Марказӣ" баргузор шуд.
Зимни мулоқот сарони ду кишвари ҳамсоя доираи васеи масоили ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалиро баррасӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мусбати рушди муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ кард.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и Президент Узбекиситана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Идомаи сафари Раҳмон дар Ӯзбекистон: боздид бо Мирзиёев аз Хоразм: акс
"Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин дидорро як фурсати муносиб барои баррасии вазъ ва дурнамои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек хонд", - омадааст дар хабарнома.
Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки ҷонибҳо баррасӣ шуда, ҳамчунин доир ба татбиқи пурраи созишномаҳои қаблан қабулшуда ба мувофиқа расиданд.
Раҳмон ва Мирзиёев ба масъалаҳои дигари рӯзномаи рӯз низ дахл карданд.
Лентаи хабарҳо
0