Бозиҳои XVI Делфӣ расман дар Душанбе ифтитоҳ мегардад

© SputnikТеатр оперы и балета имени Садриддина Айни
Театр оперы и балета имени Садриддина Айни - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон маротибаи нахуст мизбони ин мусобиқот мегардад. Интизор меравад, дар кори он ҳудуди 400 нафар ҷавонони аз 10 то 25-сола ширкат кунанд
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ шоми 15 октябр маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVI Делфӣ сурат мегирад.
Тоҷикистон бори аввал аст, ки мизбони Бозиҳои Делфӣ гардидааст, ки дар он зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои ИДМ иштирок менамоянд.
Ташкилкунандагони Бозиҳои Делфӣ Вазорати фарҳанг ва Кумитаи байналмилалии бозиҳои Делфӣ буда, таҳти сарпарастии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, аз теъдоди умумии иштирокчиёни чорабинӣ намояндагони Тоҷикистон 160 нафар, Русия 117нафар, Қазоқистон 28, Ӯзбекистон 27, Озорбойҷону Арманистон 7 нафарӣ,ва Беларус 32 нафарро ташкил медиҳанд.
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVI Делфӣ дар куҷо баргузор мешавад?: Посухи вазорат
Ба ҳайати ҳакамон қариб 35 нафар ходимони шинохтаи санъату ҳунари ИДМ шомил мебошанд.
Ғолибони Бозиҳо бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардида, барои ҳунарнамоии арзанда ҳайати ҳакамон иштирокчиёни алоҳидаро бо дипломҳо қадрдонӣ мекунанд.
Бояд гуфт, тибқи қарори Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ баҳри ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2020 ҳамасола Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида мешавад.
Фаъолияти Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби 65 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0