https://sputnik.tj/20221014/rahmon-imkoniyatho-istifodanashuda-khatarho-idm-1052134040.html
Раҳмон аз имкониятҳои истифоданашуда ва хатарҳо дар ИДМ гуфт
Раҳмон аз имкониятҳои истифоданашуда ва хатарҳо дар ИДМ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, илму техника, нақлиёту транзит ва энергетика гуфт
2022-10-14T16:35+0500
2022-10-14T16:35+0500
2022-10-14T16:38+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052097406_0:0:3011:1694_1920x0_80_0_0_ab8a956c37d1be9eaeb284cd445a3ac9.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар доираи ИДМ барои вокуниши муштарак ба чолишҳои рӯзафзун ва таҳдидҳо чораҳои муассиртар андешида шаванд, зарур хонд раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон. Ӯ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзиро ҳамчун таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо номид. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз натиҷаҳои се даҳсола дар доираи иттиҳод, то ҳол монеаҳо ва маҳдудиятҳо мавҷуданд, ки ба рушди минбаъдаи мутақобилан судманд халал мерасонанд."Таъкид гардид, ки то ҳол дар соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, илму техника, нақлиёту транзит ва бахши энергетика иқтидорҳои бузурги истифоданашуда ҳанӯз зиёданд", - гуфт ӯ.Вай ҳамчунин аз пайомадҳои офатҳои бузурги табиии вобаста ба об, хисороти моддию талафоти ҷонӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳалли мушкилоти норасоии об, таъсири тағйрёбии иқлим ба захираҳои обӣ, обшавии пиряхҳо, болоравии талабот ба оби ошомиданӣ бинобар афзоиши аҳолии кураи замин ва рушди иқтисоди кишварҳо изҳори назар кард.
https://sputnik.tj/20221014/putin-idm-muboriza-millatgaroyon-1052129186.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052097406_17:0:2748:2048_1920x0_80_0_0_d9a9776dcd6bcd935301d63b85501d19.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, чораҳо, муассир, таъсир
эмомалӣ раҳмон, чораҳо, муассир, таъсир
Раҳмон аз имкониятҳои истифоданашуда ва хатарҳо дар ИДМ гуфт
16:35 14.10.2022 (Навсозишуда: 16:38 14.10.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон аз имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, илму техника, нақлиёту транзит ва энергетика гуфт
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар доираи ИДМ барои вокуниши муштарак ба чолишҳои рӯзафзун ва таҳдидҳо чораҳои муассиртар андешида шаванд, зарур хонд раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзиро ҳамчун таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо номид.
"Тоҷикистон аз тасдиқи Барномаи ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2023 - 2025 ҷонибдор аст", - изҳор дошт президенти ҶТ.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз натиҷаҳои се даҳсола дар доираи иттиҳод, то ҳол монеаҳо ва маҳдудиятҳо мавҷуданд, ки ба рушди минбаъдаи мутақобилан судманд халал мерасонанд.
"Таъкид гардид, ки то ҳол дар соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, илму техника, нақлиёту транзит ва бахши энергетика иқтидорҳои бузурги истифоданашуда ҳанӯз зиёданд", - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин аз пайомадҳои офатҳои бузурги табиии вобаста ба об, хисороти моддию талафоти ҷонӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳалли мушкилоти норасоии об, таъсири тағйрёбии иқлим ба захираҳои обӣ, обшавии пиряхҳо, болоравии талабот ба оби ошомиданӣ бинобар афзоиши аҳолии кураи замин ва рушди иқтисоди кишварҳо изҳори назар кард.