Даъвати Тоҷикистон аз Русия барои таъсиси корхонаи дорусозӣ дар кишвар

© Посольство Таджикистана в РФПосол Таджикистана в РФ и министр здравоохранения России
Посол Таджикистана в РФ и министр здравоохранения России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Русия дар Маскав масъалаи ҳамкориҳои Душанбеву Маскавро дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахши тандурустӣ миёни сафири Тоҷикистон дар Маскав Давлатшо Гулмаҳмадзода ва Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко баррасӣ гардид.
Дар ин бораи дафтари матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ дар ин мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон тарафҳо, роҷеъ ба таъсис додани корхонаи истеҳсоли доруворӣ дар Тоҷикистон, ташкили курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб, инчунин зиёд намудани теъдоди бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии Русия изҳори назар карданд.
Встреча Путина с Рахмоном и Жапаровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия дар бораи баҳсҳои марзӣ ба чӣ тавофуқ расиданд?
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, Маскав як шарики муҳими стратегӣ барои Душанбе мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот гуфт, Русия шарики муҳими стратегии Тоҷикистон ва шарики муҳими тиҷориву иқтисодии кишвар мебошад.
Вай гуфт, табодули коло миёни ду кишвар дар панҷ моҳи соли ҷорӣ тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтааст.
“Муносибатҳои мо динамикаи баланди рушд доранд, равобит байни минтақаҳо низ фаъолона инкишоф меёбанд – зиёда аз 80 вилояти Русия бо Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ғайра доранд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0