Русия имкон дорад гази худро ба кишварҳои халиҷи форс тариқи Эрон фурӯшад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкГазопровод высокого давления от Елабуги до Нижнекамска
Газопровод высокого давления от Елабуги до Нижнекамска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2022
Обуна шудан
Муовини вазири саноати нафт Эрон гуфт, ки Русия метавонд гази худро тариқи кишвараш ба кишварҳои ҳавзаи Халиҷи форс содир кунад
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Русия метавонад тариқи Эрон газро барои харидорон аз кишварҳои Халиҷи Форс интиқол диҳад, мегӯяд муовини вазири нафти Эрон Аҳмад Асадзода, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
"Имконияти хубе барои интиқоли газу нафти Русия тавассути қаламрави Эрон вуҷуд дорад. Харидорон дар кишварҳои халиҷи Форс зиёд ҳастанд", гуфт оқои Асадзода.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 12-14 октябр дар Маскав Ҳафтаи энергетикии Русия баргузор мешавад.
Бояд қайд кард, ки баъд аз амалиёти вижаи Русия дар қаламрави Украина кишварҳои ғарб алайҳи Русия таҳримҳои шадид ҷорӣ карданд.
Рабочий на газовом хранилище в Будапеште - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Дар Туркия аз таслимшавии наздики Аврупоро бинобар норасоии газ пешгӯӣ карданд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар лӯлаи гази "Маҷрои шимол" ва як адад дар "Маҷрои шимол-2" таркиш сурат гирифт.
Ҳамин тариқ итиқоли газ ба Аврупо тавассути ин ду лӯлаи газ комилан қатъ гардидааст.
Қаблан котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков истисно накард, ки рахнаи лӯлаи газ метавонад паёмади тахрибкории ҳадафмандона бошад.
Ҳодисаҳои ихроҷи газ аз лӯлаҳо дар натиҷаи таркишҳо рух доданд, гуфтдар навбати худ вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде.
ҲАмчунин ахиран раисҷумруи Русия таркишҳо дар лӯлаи газро амалиёти террористӣ донист.
Лентаи хабарҳо
0