https://sputnik.tj/20221013/havasmandii-putin-rushdi-ravobit-dushanbe-bishkek-1052114943.html
Ҳавасмандии Путин ба рушди равобит бо Душанбеву Бишкек
Ҳавасмандии Путин ба рушди равобит бо Душанбеву Бишкек
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия ахиран дар мулоқоти сеҷониба дар шаҳри Остона гуфт, ки кишвараш ҳавасманди рушди равобит бо Тоҷикистону Қирғизистон мебошад 13.10.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-10-13T18:45+0500
2022-10-13T18:45+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар русия
дар тоҷикистон
қирғизистон
ҳамкорӣ
равобит
ҳавасмандӣ
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052114724_0:0:2957:1663_1920x0_80_0_0_c972a659d1c6910bf940672a857107e9.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Русия ба тақвияти равобит бо Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор аст, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар дидор бо раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Ҷабборов."Мо дар аксари бахшҳои равобити хеле наздик дорем, гардиши мол афзоиш меёбад: аз ҳар ду тараф тақрибан 40 дарсад, тақрибан 45 дарсад дар соли гузашта ва 20-30 дарсад дар 7 моҳи соли равон. Ҳаҷми хеле калон аст, албатта мо манфиатдорем, ки чунин шароит рушд бо нишондиҳандаҳои мусбат нигох дошта шавад ва ё дар бархе мавридхо аз нав ба вучуд биёяд”, — гуфт ПутинВай қайд кард, ки аз мулоқот дар ин шакл хеле хушҳол аст ва ба раҳбарон барои иштирокашон изҳори сипос кард.Қаблан Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия дар умури байналмиллалӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки мавзӯи аслии мулоқоти Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов вазъ дар атрофи марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст: раисиҷумҳури Русия пешниҳод мекунад, ки гуфтушуниди сеҷониба дар бораи аломатгузории қитъаҳои баҳсбарангези сарҳад оғоз шавад.Дар минтақаҳаи аломатгузорӣ нашуда байни ду давлат гоҳ гоҳ мунокишаҳои марзӣ сурат мегирад. Бори охир авзоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 14-16 сентябр муташанниҷ шуда буд. Ҷониби Қирғизистон хабар дод, ки дар натиҷаи задухӯрд 63 нафар кушта ва 198 нафар захмӣ шудаанд. Тоҷикистон 41 кушта ва 30 захмӣ эълон кард.Рӯзи 25 сентябр намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон протоколеро имзо карданд, ки тибқи он ба низоъҳо дар марз хотима дода, раванди делимитатсия ва демаркатсияро суръат бахшанд.Ҳамчунин, тибқи ин санад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки чаҳор нуқтаи сарҳадӣ дар он ҷойҳое, ки дар онҷо низоъ бештар рух дода буд, муваққатан баста шаванд.
https://sputnik.tj/20221013/muloqot-sejoniba-putin-rahmon-jabborov-1052113562.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0d/1052114724_59:0:2788:2047_1920x0_80_0_0_0397831f9b2dad826f1c2e8ed57e76fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, дар тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, равобит, ҳавасмандӣ, владимир путин
дар русия, дар тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, равобит, ҳавасмандӣ, владимир путин
Ҳавасмандии Путин ба рушди равобит бо Душанбеву Бишкек
18:45 13.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Раисҷумҳури Русия ахиран дар мулоқоти сеҷониба дар шаҳри Остона гуфт, ки кишвараш ҳавасманди рушди равобит бо Тоҷикистону Қирғизистон мебошад
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Русия ба тақвияти равобит бо Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор аст, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар дидор бо раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Ҷабборов.
"Мо дар аксари бахшҳои равобити хеле наздик дорем, гардиши мол афзоиш меёбад: аз ҳар ду тараф тақрибан 40 дарсад, тақрибан 45 дарсад дар соли гузашта ва 20-30 дарсад дар 7 моҳи соли равон. Ҳаҷми хеле калон аст, албатта мо манфиатдорем, ки чунин шароит рушд бо нишондиҳандаҳои мусбат нигох дошта шавад ва ё дар бархе мавридхо аз нав ба вучуд биёяд”, — гуфт Путин
Вай қайд кард, ки аз мулоқот дар ин шакл хеле хушҳол аст ва ба раҳбарон барои иштирокашон изҳори сипос кард.
Қаблан Юрий Ушаков, ёвари раисиҷумҳури Русия дар умури байналмиллалӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки мавзӯи аслии мулоқоти Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов вазъ дар атрофи марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст: раисиҷумҳури Русия пешниҳод мекунад, ки гуфтушуниди сеҷониба дар бораи аломатгузории қитъаҳои баҳсбарангези сарҳад оғоз шавад.
Дар минтақаҳаи аломатгузорӣ нашуда байни ду давлат гоҳ гоҳ мунокишаҳои марзӣ сурат мегирад. Бори охир авзоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 14-16 сентябр муташанниҷ шуда буд. Ҷониби Қирғизистон хабар дод, ки дар натиҷаи задухӯрд 63 нафар кушта ва 198 нафар захмӣ шудаанд. Тоҷикистон 41 кушта ва 30 захмӣ эълон кард.
Рӯзи 25 сентябр намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон протоколеро имзо карданд, ки тибқи он ба низоъҳо дар марз хотима дода, раванди делимитатсия ва демаркатсияро суръат бахшанд.
Ҳамчунин, тибқи ин санад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки чаҳор нуқтаи сарҳадӣ дар он ҷойҳое, ки дар онҷо низоъ бештар рух дода буд, муваққатан баста шаванд.