https://sputnik.tj/20221012/varzob-lukashenko-tojikiston-video-1052087132.html
Баъди сайри Варзоб Лукашенко тарки Тоҷикистон кард - видео
Баъди сайри Варзоб Лукашенко тарки Тоҷикистон кард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар охири сафари расмияш дар Тоҷикистон раисҷумҳури Белорус аз табиати зебоманзари ноҳияи Варзоб дидан карда, бо ҳамтои тоҷикаш суҳбат кард
2022-10-12T17:07+0500
2022-10-12T17:07+0500
2022-10-12T17:32+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
александр лукашенко
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/05/1032024060_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_fbcdf5a9db3e0972ec79e54b77a0b4df.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Президенти Белорус, Александр Лукашенко ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ғайрирасмӣ дар бӯстонсарои беруназшаҳрии ҳукумати ҶТ масоили ҳамкориро баррасӣ кардаанд. Ба иттилои дафтари мтабуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Лукашенко дар ноҳияи Варзоб аз мавзеъҳои зебову нотакрор тамошо карданд. Меҳмони олимақом ба табиату обу ҳавои Тоҷикистон баҳои баланд додаст. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Белорус иттилоъ додаст, ки дар пайи боздид аз Варзоб Лукашенко ба қасди Остона Душанберо тарк намудаст. Сафари расмии президенти Белорус дар Тоҷикистон 2 рӯз - 11 ва 12 октябр давом кард. Дар доираи ин сафар мулоқоти хоси сарони давлатҳо ва музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеъ баргузор шуда, ҷонибҳо 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Лукашенко дар тавсифи сафраш ба Тоҷикистон изҳор дошт, ки худро чун дар хонааш эҳсос мекунад. Вай ҳамчунин аз муносиботи неку дӯстӣ бо Эмомлаӣ Раҳмон зикр карда, афзуд, якдигарро чоряк аср мешиносад, аммо боре ҳам сахт суҳбат накардаанд, ҳатто баҳсе надооштаанд.
https://sputnik.tj/20221012/lukashenko-tojikiston-furush-1052074442.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/05/1032024060_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ac363d6995ca9fd081e0ae799bed9da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
анҷом, лукашенко, тоҷикистон
анҷом, лукашенко, тоҷикистон
Баъди сайри Варзоб Лукашенко тарки Тоҷикистон кард - видео
17:07 12.10.2022 (Навсозишуда: 17:32 12.10.2022) Дар охири сафари расмияш дар Тоҷикистон раисҷумҳури Белорус аз табиати зебоманзари ноҳияи Варзоб дидан карда, бо ҳамтои тоҷикаш суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Президенти Белорус, Александр Лукашенко ва ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ғайрирасмӣ дар бӯстонсарои беруназшаҳрии ҳукумати ҶТ масоили ҳамкориро баррасӣ кардаанд.
Ба иттилои дафтари мтабуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Лукашенко дар ноҳияи Варзоб аз мавзеъҳои зебову нотакрор тамошо карданд. Меҳмони олимақом ба табиату обу ҳавои Тоҷикистон баҳои баланд додаст.
"Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт", - омадаст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Белорус иттилоъ додаст, ки дар пайи боздид аз Варзоб Лукашенко ба қасди Остона Душанберо тарк намудаст.
Сафари расмии президенти Белорус дар Тоҷикистон 2 рӯз - 11 ва 12 октябр давом кард.
Дар доираи ин сафар мулоқоти хоси сарони давлатҳо ва музокирот бо иштироки ҳайатҳои васеъ баргузор шуда, ҷонибҳо 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд.
Лукашенко дар тавсифи сафраш ба Тоҷикистон изҳор дошт, ки худро чун дар хонааш эҳсос мекунад. Вай ҳамчунин аз муносиботи неку дӯстӣ бо Эмомлаӣ Раҳмон зикр карда, афзуд, якдигарро чоряк аср мешиносад, аммо боре ҳам сахт суҳбат накардаанд, ҳатто баҳсе надооштаанд.