https://sputnik.tj/20221012/imzo-sozishnomaho-maorif-tojikiston-belarus-1052077551.html
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши маориф миёни Тоҷикистону Беларус
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши маориф миёни Тоҷикистону Беларус
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус, миёни якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
2022-10-12T14:10+0500
2022-10-12T14:10+0500
2022-10-12T14:10+0500
дар тоҷикистон
беларус
ҳамкорӣ
маориф
имзо
созишнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0c/1052077382_0:56:1080:664_1920x0_80_0_0_865aa6922582b7a09fafb13dc2dc55a0.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Дар доираи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус, ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар.Созишномаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус –Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба имзо расониданд.Ҳамзамон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон — Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус, Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Донишгоҳи давлатии технологии Беларус, Донишгоҳи давлатии техникии Брест, Донишгоҳи давлатии Брест, Донишгоҳи давлатии техникии Гомел, Донишгоҳи давлатии Городно ва Донишгоҳи давлатии лингвистикии Минск созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.Иттилоъ дода шудааст, ки дар форум инчунин роҳбарияти сохторҳои дипломатӣ ва масъулини самтҳои кишоварзӣ, саноату соҳибкорӣ ва маориф иштирок намуданд.Зимни баргузории форум ҷонибҳо доир ба имконияти сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар рушди соҳибкорӣ ва такмили ҳамкории иқтисодию соҳибкорӣ сухан гуфтанд.Дар форум инчунин зикр гардид, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба зиёда аз 90 шартномаву созишнома миёни Тоҷикистону Беларус ба имзо расидаанд, ки онҳо ба ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, маориф ва ғайра мусоидат менамоянд.Ҳамчунин дар заминаи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус Намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои Беларус дар Тоҷикистон ташкил гардид.
https://sputnik.tj/20221012/lukashenko-tojikiston-furush-1052074442.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0c/1052077382_60:0:1020:720_1920x0_80_0_0_7e4ff2103d67a0e416d8d639a9682fae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маориф, беларус, имзо, созишнома, ҳамкорӣ, равобит, омӯзиш парвариш
тоҷикистон, маориф, беларус, имзо, созишнома, ҳамкорӣ, равобит, омӯзиш парвариш
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши маориф миёни Тоҷикистону Беларус
Дар доираи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус, миёни якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Дар доираи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус, ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар.
Созишномаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус –Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Ҳамзамон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон — Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус, Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Донишгоҳи давлатии технологии Беларус, Донишгоҳи давлатии техникии Брест, Донишгоҳи давлатии Брест, Донишгоҳи давлатии техникии Гомел, Донишгоҳи давлатии Городно ва Донишгоҳи давлатии лингвистикии Минск созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар форум инчунин роҳбарияти сохторҳои дипломатӣ ва масъулини самтҳои кишоварзӣ, саноату соҳибкорӣ ва маориф иштирок намуданд.
Зимни баргузории форум ҷонибҳо доир ба имконияти сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар рушди соҳибкорӣ ва такмили ҳамкории иқтисодию соҳибкорӣ сухан гуфтанд.
Дар форум инчунин зикр гардид, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба зиёда аз 90 шартномаву созишнома миёни Тоҷикистону Беларус ба имзо расидаанд, ки онҳо ба ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, маориф ва ғайра мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин дар заминаи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус Намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои Беларус дар Тоҷикистон ташкил гардид.