https://sputnik.tj/20221011/oghoz-razmoish-saad-tojikiston-1052028235.html
Оғози размоиши СААД алайҳи ҳамлаи гуруҳҳои ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон
Оғози размоиши СААД алайҳи ҳамлаи гуруҳҳои ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Размоиши нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказии СААД дар Тоҷикистон тамринот таҳти унвони "Сарҳад-2022" баргузор мекунад 11.10.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-10-11T11:55+0500
2022-10-11T11:55+0500
2022-10-11T12:38+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
саад
қабул
ҳамлаи террористӣ
размоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/13/1051518497_153:102:1654:946_1920x0_80_0_0_a2f392c9fa34f783187c74631564364e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тамриноти муштараки "Сарҳад-2022" дар самти тайёрӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ барои нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гузаронда мешавад, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД ҳамла кардаанд. Ба иттилои СААД, марҳилаи фаъоли размоиши мазкур дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон аз 17 то 21 октябр баргузор мешавад. Таъкид шудаст, ки дар ин машқҳо воҳидҳои кишварҳои узви СААД ва гуруҳҳои фаврии Ситоди муштраки созмон иштирок мекунанд. Теъдоди умумии ширкаткунандагони машқҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафар арзёбӣ шуда, беш аз 300 адад техникаи низомӣ ва вижа, ҷалб карда мешавад. Вазифаҳои асосии Нерӯҳои зудамали муштарак иштирок дар рафъи таҷовузҳои берунаи ҳарбӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ арзёбӣ шудаст. Маврид ба зикр аст, ки размоиши дигари СААД дар ҳудуди Қирғизистон бояд баргузор мешуд. Аммо Бишкек ахиран машқҳои муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД-ро бекор кард, ки дар он иштироки низомиёни Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русия дар назар буд.Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии осебнопазир - 2022" аз 10 то 14 октябр дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуда буданд, аммо лағв гардиданд. Ҷониби Қирғизистон сабаби лағвашонро ба афкори ҷомеа дар мавриди номақбул будани ҳузури низомиёни тоҷик дар ин размоишҳо рабт дод.
https://sputnik.tj/20221011/tojikon-namonem-qirghiziston-laghvi-mashqhoi-saad-1052027471.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/13/1051518497_389:122:1487:946_1920x0_80_0_0_84d1d617d6205644bb3ec3b9e0238a64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, саад, қабул, ҳамлаи террористӣ, размоиш
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, саад, қабул, ҳамлаи террористӣ, размоиш
Оғози размоиши СААД алайҳи ҳамлаи гуруҳҳои ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон
11:55 11.10.2022 (Навсозишуда: 12:38 11.10.2022) Размоиши нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказии СААД дар Тоҷикистон тамринот таҳти унвони "Сарҳад-2022" баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тамриноти муштараки "Сарҳад-2022" дар самти тайёрӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ барои нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гузаронда мешавад, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД ҳамла кардаанд.
Ба иттилои СААД, марҳилаи фаъоли размоиши мазкур дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон аз 17 то 21 октябр баргузор мешавад.
Таъкид шудаст, ки дар ин машқҳо воҳидҳои кишварҳои узви СААД ва гуруҳҳои фаврии Ситоди муштраки созмон иштирок мекунанд.
Теъдоди умумии ширкаткунандагони машқҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафар арзёбӣ шуда, беш аз 300 адад техникаи низомӣ ва вижа, ҷалб карда мешавад.
Вазифаҳои асосии Нерӯҳои зудамали муштарак иштирок дар рафъи таҷовузҳои берунаи ҳарбӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ арзёбӣ шудаст.
Маврид ба зикр аст, ки размоиши дигари СААД дар ҳудуди Қирғизистон бояд баргузор мешуд. Аммо Бишкек ахиран машқҳои муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи СААД-ро бекор кард, ки дар он иштироки низомиёни Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русия дар назар буд.
Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии осебнопазир - 2022" аз 10 то 14 октябр дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуда буданд, аммо лағв гардиданд. Ҷониби Қирғизистон сабаби лағвашонро ба афкори ҷомеа дар мавриди номақбул будани ҳузури низомиёни тоҷик дар ин размоишҳо рабт дод.