https://sputnik.tj/20221011/mizbon-mehmon-nizomiyon-qirghiz-tojikiston-1052031404.html
На мизбон шуданду на меҳмон: Низомиёни қирғиз ба размоиш дар Тоҷикистон намеоянд
На мизбон шуданду на меҳмон: Низомиёни қирғиз ба размоиш дар Тоҷикистон намеоянд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Қирғизистон, ки қабули низомиёни кишварҳои СААД-ро дар қаламраваш рад кард, аз иштирок дар размоиши созмон дар Тоҷикистон низ худдорӣ намуд
2022-10-11T13:05+0500
2022-10-11T13:05+0500
2022-10-11T13:05+0500
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
қирғизистон
вазорати мудофиа
размоиш
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043046397_0:114:2921:1757_1920x0_80_0_0_fb3277fc7a471d44bd140194d6fc8c95.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Қирғизистон дар размоиши муштараки нерӯҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон иштирок нахоҳад кард. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Қирғизистон хабар додааст, аммо тафсилоту далели ин иқдомро ироа накардааст. Тамриноти муштараки "Сарҳад-2022" дар Тоҷикистон дар самти тайёрӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ барои нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гузаронда мешавад, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД ҳамла кардаанд.Ба иттилои СААД, марҳилаи фаъоли размоиши мазкур дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон аз 17 то 21 октябр баргузор мешавад. Теъдоди умумии ширкаткунандагони машқҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафар арзёбӣ шуда, беш аз 300 адад техникаи низомӣ ва вижа, ҷалб карда мешавад.Вазифаҳои асосии Нерӯҳои зудамали муштарак иштирок дар рафъи таҷовузҳои берунаи ҳарбӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ арзёбӣ шудаст.Ин дар ҳолест, ки ахиран Қирғизистон мизбонии размоиши СААД бо ҳузури нерӯҳои низомии Тоҷикистонро низ рад кард. Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии осебнопазир - 2022" аз 10 то 14 октябр дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуда буданд, аммо лағв гардиданд. Ҷониби Қирғизистон сабаби лағвашонро ба афкори ҷомеа дар мавриди номақбул будани ҳузури низомиёни тоҷик дар ин размоишҳо рабт дод.
https://sputnik.tj/20221011/tojikon-namonem-qirghiziston-laghvi-mashqhoi-saad-1052027471.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043046397_190:0:2921:2048_1920x0_80_0_0_2d3873f4d60ac22627c65bef36306c6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, размоиш, иштирок
қирғизистон, размоиш, иштирок
На мизбон шуданду на меҳмон: Низомиёни қирғиз ба размоиш дар Тоҷикистон намеоянд
Вазорати мудофиаи Қирғизистон, ки қабули низомиёни кишварҳои СААД-ро дар қаламраваш рад кард, аз иштирок дар размоиши созмон дар Тоҷикистон низ худдорӣ намуд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Қирғизистон дар размоиши муштараки нерӯҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон иштирок нахоҳад кард.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Қирғизистон хабар додааст, аммо тафсилоту далели ин иқдомро ироа накардааст.
Тамриноти муштараки "Сарҳад-2022" дар Тоҷикистон дар самти тайёрӣ ва гузаронидани амалиёти ҷангӣ барои нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ гузаронда мешавад, ки ба қаламрави як кишвари узви СААД ҳамла кардаанд.
Ба иттилои СААД, марҳилаи фаъоли размоиши мазкур дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон аз 17 то 21 октябр баргузор мешавад. Теъдоди умумии ширкаткунандагони машқҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафар арзёбӣ шуда, беш аз 300 адад техникаи низомӣ ва вижа, ҷалб карда мешавад.
Вазифаҳои асосии Нерӯҳои зудамали муштарак иштирок дар рафъи таҷовузҳои берунаи ҳарбӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ арзёбӣ шудаст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Қирғизистон мизбонии размоиши СААД бо ҳузури нерӯҳои низомии Тоҷикистонро низ рад кард. Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии осебнопазир - 2022" аз 10 то 14 октябр дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуда буданд, аммо лағв гардиданд.
Ҷониби Қирғизистон сабаби лағвашонро ба афкори ҷомеа дар мавриди номақбул будани ҳузури низомиёни тоҷик дар ин размоишҳо рабт дод.