https://sputnik.tj/20221011/kohish-qurb-rubl-tojikiston-1052027798.html
Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Қурби пули миллии Тоҷикистон дар баробари рубли Русия ва евро тақвият ёфтааст. Арзиши доллари амрикоӣ дар сатҳи пешина боқӣ мондааст
2022-10-11T10:45+0500
2022-10-11T10:45+0500
2022-10-11T10:45+0500
дар тоҷикистон
қурб
рубл
доллар
евро
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_2ae2d87852f486114d61085e5c1b3636.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Қурби ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон поин рафта, ба 160,5 сомонӣ баробар шудааст, хабар дод Бонки миллии ҶТ. Арзиши ҳазор рубл рӯзе пеш 164 сомонӣ ва ҳафтаи гузашта то 169 сомониро ташкил медод. Қурби доллари ИМА ҳамоно бетағйир боқӣ монда, муодили 10.2190 сомонӣ мебошад. Арзиши евро низ каме коҳиш ёфта, 9.9073 сомониро ташкил медиҳад. ;Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори нақд дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон хабар дода шудаст, ки 1 ҳазор рубли русӣ 160.5 то 163 сомонӣ, 1 доллари ИМА аз 10.2190 то 10.2000 сомонӣ ва 1 евро аз 9.9073 то 10.01 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.Раванди устуворшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан раиси "Амонатбонк", Сироҷиддин Икром гуфт, таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳолӣ ба сомонӣ бештар шудааст."Ҳатто нафароне буданд, ки дар бонк пасандози долларӣ доштанд ва он фоиз дошт, аммо аз баҳри фоиз ҳам гузаштаву асъорро иваз карда пасандози сомонӣ гузоштанд", - гуфта буд ӯ.Зикр гардид, ки ин бонк танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 2,5 млрд сомонӣ ба муомилот баровардааст, ки боз ҳам кам аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба сомонӣ бештар таваҷҷуҳ кардаанд, афзуданд масъулини "Амонатбонк".
https://sputnik.tj/20221003/qurb-rubl-dollar-oktyabr-1051824859.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_adf74a16e6e96bbaf7c0b56f3843b91e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арзиш, рубл, доллар, поин
арзиш, рубл, доллар, поин
Коҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон
Қурби пули миллии Тоҷикистон дар баробари рубли Русия ва евро тақвият ёфтааст. Арзиши доллари амрикоӣ дар сатҳи пешина боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Қурби ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон поин рафта, ба 160,5 сомонӣ баробар шудааст, хабар дод Бонки миллии ҶТ. Арзиши ҳазор рубл рӯзе пеш 164 сомонӣ ва ҳафтаи гузашта то 169 сомониро ташкил медод.
Қурби доллари ИМА ҳамоно бетағйир боқӣ монда, муодили 10.2190 сомонӣ мебошад. Арзиши евро низ каме коҳиш ёфта, 9.9073 сомониро ташкил медиҳад. ;
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори нақд дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон хабар дода шудаст, ки 1 ҳазор рубли русӣ 160.5 то 163 сомонӣ, 1 доллари ИМА аз 10.2190 то 10.2000 сомонӣ ва 1 евро аз 9.9073 то 10.01 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Раванди устуворшавии пули миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан раиси "Амонатбонк", Сироҷиддин Икром гуфт, таваҷҷуҳ ва эътимоди аҳолӣ ба сомонӣ бештар шудааст.
"Ҳатто нафароне буданд, ки дар бонк пасандози долларӣ доштанд ва он фоиз дошт, аммо аз баҳри фоиз ҳам гузаштаву асъорро иваз карда пасандози сомонӣ гузоштанд", - гуфта буд ӯ.
Зикр гардид, ки ин бонк танҳо дар шашмоҳаи аввали соли равон беш аз 2,5 млрд сомонӣ ба муомилот баровардааст, ки боз ҳам кам аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ба сомонӣ бештар таваҷҷуҳ кардаанд, афзуданд масъулини "Амонатбонк".