Ҳамкориҳои Минску Душанбе боз ҳам беҳтар мегарданд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри ДушанбеМулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Минск Владимир Кухаров
Мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Минск Владимир Кухаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2022
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон руасои шаҳри Душанбе ва Минск дар як дидору гуфтугӯ дурнамои муносибатҳои ҳамкорро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Минск Владимир Кухаров мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтарии матбуоти шаҳрдорӣ.
Тибқи иттилои манбаъ дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Беларус баррасӣ гардид.

“Раиси шаҳри Душанбе аз вазъи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Беларус бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ изҳори қаноатмандӣ кард”,- хабар додааст шаҳрдорӣ.

Ҳамзамон ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки шаҳрҳои Минск ва Душанбе дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкории гуногунҷанба мебошанд.
Президент Белоруссии Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2022
Тафсилоти барномаи сафари Лукашенко дар Душанбе маълум шуд
Дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки ҳоло миёни соҳибкорон ва корхонаҳои тиҷоратии шаҳрҳои Душанбе ва Минск ҳамкории мутақобилан судманд дар ташкили корхонаҳо ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ ба роҳ монда шудааст.
Зикр гардидааст, ки иштирокчиёни мулоқот омодагии худро барои боз ҳам бештар рушду густариш додани ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ҳарду ҷониб ва миёни мақомоти шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияишаҳри Минск дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг иброз намуданд.
Лентаи хабарҳо
0