https://sputnik.tj/20221011/eron-guft-ravobitash-tolibon-vobastaast-1052025543.html
Эрон гуфт, тақвияти равобиташ бо толибон аз чӣ вобастагӣ дорад
Эрон гуфт, тақвияти равобиташ бо толибон аз чӣ вобастагӣ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Эрон мегӯяд равобити ин кишвар бо Толибон бастагӣ ба рафтори онон бо мардуми Афғонистон дорад
2022-10-11T09:00+0500
2022-10-11T09:00+0500
2022-10-11T09:00+0500
эрон
осиёи марказӣ
афғонистон
равобит
толибон
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/70/1026157002_0:96:3303:1954_1920x0_80_0_0_65e6debd7ddf766b8f40c5addc35a8d1.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.Сиёсати кунунии Эрон ироаи кумакҳои ҳамаҷониба ба мардуми Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз бурузи фоҷеаи инсонӣ мебошад, гуфт Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ, узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.Оқои Ҷаҳонободӣ дар дидор бо Ҳидее Икебе, раиси дафтари ҳайати муовинати СММ дар Афғонистон (UNAMA) афзуд, ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши буҳрон дар Афғонистон бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.Вай афзуд, Эрон барои шиносоии толибон мунтазири иқдомоти амалии ҳокимонаш аст.Раҳимии Ҷаҳонободӣ бо таъкид бар ин ки тамаркузи Амрико таъдили қудрати Русия ва Чин будаву Афғонистонро ба толибон супурдааст, афзуд: Амрико аз сӯи дигар дар талош аст қудрати ДИИШ-ро зинда карда то битавонад минтақаро ноором кунад.Ҳидее Икебе аз Эрон барои пазириш ва ҳимоят аз миллионҳо афғонистонӣ гуфт изҳори сипос кард ва гуфт бояд аз мардуми Афғонистон ҳимоят кард ва СММ дар фикри роҳи ҳалле барои кумакрасонӣ ба мардуми Афғонистон бо вуҷуди мавонеи ҳукумати толибон аст.
https://sputnik.tj/20220609/pofishorii-eron-hind-tashkili-davlati-farogir-afghoniston-1049063883.html
эрон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102615/70/1026157002_286:0:3017:2048_1920x0_80_0_0_7d9a03dea78da44980e494ff51895202.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, афғонистон, равобит, толибон, рафтор, мардум, вобастагӣ, мақомот
эрон, афғонистон, равобит, толибон, рафтор, мардум, вобастагӣ, мақомот
Эрон гуфт, тақвияти равобиташ бо толибон аз чӣ вобастагӣ дорад
Узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Эрон мегӯяд равобити ин кишвар бо толибон бастагӣ ба рафтори онон бо мардуми Афғонистон дорад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik.Сиёсати кунунии Эрон ироаи кумакҳои ҳамаҷониба ба мардуми Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз бурузи фоҷеаи инсонӣ мебошад, гуфт Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ, узви Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Оқои Ҷаҳонободӣ дар дидор бо Ҳидее Икебе, раиси дафтари ҳайати муовинати СММ дар Афғонистон (UNAMA) афзуд, ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши буҳрон дар Афғонистон бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.
Вай афзуд, Эрон барои шиносоии толибон мунтазири иқдомоти амалии ҳокимонаш аст.
“Эрон барои чанд даҳа ҳомиву мизбони мардуми Афғонистон буда ва дар ҳадди тавон имконоти маишатӣ, беҳдоштӣ ва омӯзиширо барои онҳо фароҳам карда ва акнун мизбони беш аз 5 миллион шаҳрванди Афғонистон аст”, - гуфт ӯ.
Раҳимии Ҷаҳонободӣ бо таъкид бар ин ки тамаркузи Амрико таъдили қудрати Русия ва Чин будаву Афғонистонро ба толибон супурдааст, афзуд: Амрико аз сӯи дигар дар талош аст қудрати ДИИШ-ро зинда карда то битавонад минтақаро ноором кунад.
Ҳидее Икебе аз Эрон барои пазириш ва ҳимоят аз миллионҳо афғонистонӣ гуфт изҳори сипос кард ва гуфт бояд аз мардуми Афғонистон ҳимоят кард ва СММ дар фикри роҳи ҳалле барои кумакрасонӣ ба мардуми Афғонистон бо вуҷуди мавонеи ҳукумати толибон аст.