https://sputnik.tj/20221011/dushanbe-mizbon-hamoish-tijorati-tojikiston-belorus-1052028339.html
Душанбе мизбони ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Белорус мешавад
Душанбе мизбони ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Белорус мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Белорус намояндагони бахши соҳибкории ду кишвар роҳҳои ҳамкорӣ ва роҳандозии тавлидоти муштаракро баррасӣ мекунанд
2022-10-11T11:20+0500
2022-10-11T11:20+0500
2022-10-11T11:20+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
белорус
ҳамкорӣ
соҳибкор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102557/52/1025575292_0:238:4601:2826_1920x0_80_0_0_4c50c898e2c1147232b8128b53edb7db.jpg
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҳамоиши соҳибкорон дар доираи сафари расмии президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар ҳошияи ҳамоиш ҳамчунин намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони Беларус таҳти унвони "Made in Belarus" дар назар аст. Соҳибкорони Тоҷикистону Беларус ҳамчунин масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро баррасӣ менамоянд. Аз ҷумла мулоқотҳо дар сиғаи B2B дар назар гирифта шудаанд. Ташаббускори ин чорабинӣ палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Беларус ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ арзёбӣ шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Беларус рӯзи 11 октябр бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Зимни ин сафар мулоқоти як ба яки Александр Лукашенко бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.Ҳамчунин мулоқот дар ҳайати васеъ имзои бастаи санадҳои байниҳукуматӣ дар назар мебошанд.
https://sputnik.tj/20220415/korkhona-tavlid-lifti-belorusi-khujand-1047676021.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102557/52/1025575292_258:0:4341:3062_1920x0_80_0_0_8aa073211b5d95b3074d492dcfa9230d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
соҳибкорон, тоҷик, белорусӣ, ҳамкорӣ
соҳибкорон, тоҷик, белорусӣ, ҳамкорӣ
Душанбе мизбони ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Белорус мешавад
Дар доираи ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Белорус намояндагони бахши соҳибкории ду кишвар роҳҳои ҳамкорӣ ва роҳандозии тавлидоти муштаракро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҳамоиши соҳибкорон дар доираи сафари расмии президенти Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар ҳошияи ҳамоиш ҳамчунин намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони Беларус таҳти унвони "Made in Belarus" дар назар аст.
Соҳибкорони Тоҷикистону Беларус ҳамчунин масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро баррасӣ менамоянд. Аз ҷумла мулоқотҳо дар сиғаи B2B дар назар гирифта шудаанд.
Ташаббускори ин чорабинӣ палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Беларус ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ арзёбӣ шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Беларус рӯзи 11 октябр бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Зимни ин сафар мулоқоти як ба яки Александр Лукашенко бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Ҳамчунин мулоқот дар ҳайати васеъ имзои бастаи санадҳои байниҳукуматӣ дар назар мебошанд.