"Шикорчиёни шабона" мавзеъ ва зиреҳпӯшҳои Украинаро нобуд карданд - видео

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия наворҳои нави кори ҷангии чархболҳои Ми-28Н-ро нашр кард, ки дар он "шикорчиёни шабона" ба мавзеъҳо ва зиреҳпӯшҳои Украина зарба мезананд
Дар навори нашркардаи Вазорати дифои Русия зарбаи мушакии чархболҳои Ми-28Н ба мавзеъҳои мустаҳкамшудаи қувваҳои Украина дар минтақаи амалиёти низомӣ инъикос ёфтааст. Инчунин чархболҳо зиреҳпӯшҳоро ҳадафи зарба қарор додаанд.
Чархболҳо, ки дар муҳити низомӣ "шикорчиёни шабона" ном гирифтаанд, нуқтаҳои фармондеҳӣ ва техникаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро тахриб карданд.
Вазифаҳои асосии нерӯҳои ҳавоии артиш дар амалиёти вижаи Русия дар Украина ҳамроҳӣ кардани қаторҳои ҳарбӣ ва техника, интиқоли нерӯҳо ва борҳои низомӣ, инчунин нобуд кардани танкҳо ва дигар мошинҳои зиреҳпӯш мебошад.
Намоиши кори мушакандози чандгонаи "Ураган" дар Украина - видео
Дастгирии амалиёти ҷангӣ аз ҳаво аз вазифаҳои асосии дигари авиатсияи низомӣ арзёбӣ мешавад. Одатан чунин парвозҳо дар баландиҳои ниҳоят паст сурат мегиранд.
Пас аз он ки халабонҳои чархбол маълумот дар мавриди мавзеи ҳадафҳоро дарёфт мекунанд, якбора чанд мошини ҷангӣ ба ҳаво мехезанд.
Чархболҳо дар минтақаи амалиёти ҷангӣ, баландии парвозро боз ҳам камтар мекунанд. Ҳамин тариқ бо ҳаракат дар баландиҳои ниҳоят кам "Шикорчиёни шабона" аз системаҳои дифои ҳавоии душман пинҳон мемонанд.
Маврид ба зикр аст, ки чархболҳои мазкур аз замони шӯравӣ дар хидмати артиш буда, баъдан борҳо навсозӣ шудаанд. Ми-28Н бо қабилияти худ дар ҳараракатҳои гуногун, аз ҷумла пилотаж машҳур мебошад.
Лентаи хабарҳо
0