https://sputnik.tj/20221010/panjakent-korgoh-istehsol-mis-bunyod-megardad-1052023959.html
Дар Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис бунёд мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис бунёд мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Дар корхонаи “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис, сохта мешавад, ки дар он беш аз 200 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд
2022-10-10T22:00+0500
2022-10-10T22:00+0500
2022-10-10T22:00+0500
дар тоҷикистон
панҷакент
коргоҳ
коркарди мис
суғд
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0a/1052023656_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_3347cf79c95dbb515ff5872bdfa9e35a.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҶДММ КМ “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис, ки ҳоло сохтмонаш идома дорад, ба истифода дода мешавад, иттилоъ додааст мақомоти шаҳри Панҷакент.Хабар дода шудааст, ки дар ин корхонаи нав беш аз 200 нафар сокинони маҳалӣ ба ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.Ҳамзамон мақомоти шаҳри Панҷакент хабар додааст, ки дар шаҳр бунёди беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ шуда, давоми нуҳ моҳи гузашта 96 иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.Қайд карда шудааст, ки намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ ахиран аз якчанд иншооти бунёдшаванда ва коргоҳҳо дидан намуданд.Онҳо дар хиёбони Рӯдакии шаҳр бо ҷараёни бунёди биноҳои баландошёна шинос шуданд. Зимнан, ҳоло дар шаҳр аз ҷониби соҳибкорон 9 бинои истиқоматии баландошёна бо марказҳои тиҷоратию истеҳсолӣ бунёд мешаванд.Ҳамчунин бо дастгирии созмони ЮНИСЕФ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъмиру таҷдиди беморхонаи амрози сироятии шаҳр идома дорад.Фарҳод Раҳимӣ ва ҳамроҳонаш ҳамчунин аз ҶСП “Мармари Зарафшон”, ки дубора ба кор шурӯъ намудааст, сардхонаҳои соҳибкорон Қурбонов ва Шокир Азизмуродов дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, ки онҷо ҳоло себу ангур нигоҳдорӣ мешаванд, бунёди меҳмонхонаи нав дар маркази тиҷоратии “Ашан”-и деҳаи Ғӯсар дидан намуданд.
https://sputnik.tj/20221010/bunyodi-korkhonai-sanoati-dar-dushanbe-1052022065.html
панҷакент
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0a/1052023656_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_c987cb6e7c9bdb99e53621ecd43c2109.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, панҷакент, коргоҳ, истеҳсол, мис, суғд, ҷои кор, корхона, зарафшон
тоҷикистон, панҷакент, коргоҳ, истеҳсол, мис, суғд, ҷои кор, корхона, зарафшон
Дар Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис бунёд мегардад
Дар корхонаи “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис сохта мешавад, ки дар он беш аз 200 нафар бо ҷои кор таъмин мешаванд
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҶДММ КМ “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис, ки ҳоло сохтмонаш идома дорад, ба истифода дода мешавад, иттилоъ додааст мақомоти шаҳри Панҷакент.
Хабар дода шудааст, ки дар ин корхонаи нав беш аз 200 нафар сокинони маҳалӣ ба ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамзамон мақомоти шаҳри Панҷакент хабар додааст, ки дар шаҳр бунёди беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ шуда, давоми нуҳ моҳи гузашта 96 иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.
Қайд карда шудааст, ки намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ ахиран аз якчанд иншооти бунёдшаванда ва коргоҳҳо дидан намуданд.
Онҳо дар хиёбони Рӯдакии шаҳр бо ҷараёни бунёди биноҳои баландошёна шинос шуданд. Зимнан, ҳоло дар шаҳр аз ҷониби соҳибкорон 9 бинои истиқоматии баландошёна бо марказҳои тиҷоратию истеҳсолӣ бунёд мешаванд.
Ҳамчунин бо дастгирии созмони ЮНИСЕФ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъмиру таҷдиди беморхонаи амрози сироятии шаҳр идома дорад.
Фарҳод Раҳимӣ ва ҳамроҳонаш ҳамчунин аз ҶСП “Мармари Зарафшон”, ки дубора ба кор шурӯъ намудааст, сардхонаҳои соҳибкорон Қурбонов ва Шокир Азизмуродов дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, ки онҷо ҳоло себу ангур нигоҳдорӣ мешаванд, бунёди меҳмонхонаи нав дар маркази тиҷоратии “Ашан”-и деҳаи Ғӯсар дидан намуданд.