https://sputnik.tj/20221010/marg-mohi-rudi-zarafshon-navoiazot-1052008858.html
Марги ҳазорҳо моҳӣ дар рӯди Зарафшон: оғози парванда алайҳи масъулини "Навоиазот"
Марги ҳазорҳо моҳӣ дар рӯди Зарафшон: оғози парванда алайҳи масъулини "Навоиазот"
Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯдхонаи Зарафшон, ки аз қаламрави Тоҷикистон сарчашма мегирад, дар ҳудуди Ӯзбекистон марги мармузи беш аз 4,2 ҳазор моҳӣ сабт шудаст
2022-10-10T13:00+0500
2022-10-10T13:00+0500
2022-10-10T13:59+0500
осиёи марказӣ
ӯзбекистон
экология
об
моҳӣ
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0a/1052005885_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_b65a363ac225841e4d4cd9fbcbc0b1f6.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон даст доштани як корхонаи бузурги саноатӣ дар ифлос кардани рӯдаи Зарафшон ва марги ҳазорҳо моҳиро таҳқиқ мекунанд, хабар дод "Podrobno.uz".Ба иттилои манбаъ, аллакай муайян шудааст, ки ба муҳити зист 2,6 млрд сӯм муодили беш аз 234 ҳазор доллар хисорот ворид шудааст.Дар пайи қазия додситонии Ӯзбекистон алайҳи масъулони бузургтарин корхонаи саноати кимиёи минтақа "Навоиазот" парвандаи ҷиноӣ боз кард. Тибқи иттилои ин ниҳод, ин ширкат оби ифлоси чоҳи рақами 267-ро ба дарё партофтаст, ки дар натиҷа беш аз 4,2 ҳазор моҳӣ ҳалок шудааст. Аммо ширкат даст доштани худро дар ин ҳодиса аллакай рад кардааст. "Обҳои партови "Навоиазот" ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Ба инҳо обҳои партови саноатӣ, ки таркиби зараровар доранд ва обҳои борону низомҳои хунуксоз мебошанд, ки тоза ҳисобида мешаванд", - гуфтанд дар ин ширкат. Масъулин афзудаанд, ки оби партов ба иншоотҳои ҷудогонаи биохимиявӣ фиристода мешавад, ки дар он ҷо аз ҷиҳати экологӣ то сатҳи зарурӣ тоза карда мешавад ва танҳо баъдан ба ҳавзҳои махсус партофта мешавад. Маврид ба зикр аст, ки баъди ин ҳодиса, ки ҳанӯз 4-уми сентябр дар рӯдхонаи Зарафшон сабт гардидаст, муҳитшиносон санҷиш анҷом дода, муайян кардаанд, ки дар об миқдори зиёди кислотаи азот ошкор шудааст.
https://sputnik.tj/20221006/kishvarhoi-idm-nizomi-yagonai-amniyati-ekologi-1051931011.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0a/1052005885_204:0:2935:2048_1920x0_80_0_0_192e7ac54668e7f90c936f1230e3684f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марг, ҳазорҳо, моҳӣ, зарафшон, таҳқиқ
марг, ҳазорҳо, моҳӣ, зарафшон, таҳқиқ
Марги ҳазорҳо моҳӣ дар рӯди Зарафшон: оғози парванда алайҳи масъулини "Навоиазот"
13:00 10.10.2022 (Навсозишуда: 13:59 10.10.2022) Дар рӯдхонаи Зарафшон, ки аз қаламрави Тоҷикистон сарчашма мегирад, дар ҳудуди Ӯзбекистон марги мармузи беш аз 4,2 ҳазор моҳӣ сабт шудаст
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон даст доштани як корхонаи бузурги саноатӣ дар ифлос кардани рӯдаи Зарафшон ва марги ҳазорҳо моҳиро таҳқиқ мекунанд, хабар дод "Podrobno.uz".
Ба иттилои манбаъ, аллакай муайян шудааст, ки ба муҳити зист 2,6 млрд сӯм муодили беш аз 234 ҳазор доллар хисорот ворид шудааст.
Дар пайи қазия додситонии Ӯзбекистон алайҳи масъулони бузургтарин корхонаи саноати кимиёи минтақа "Навоиазот" парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ин ширкат оби ифлоси чоҳи рақами 267-ро ба дарё партофтаст, ки дар натиҷа беш аз 4,2 ҳазор моҳӣ ҳалок шудааст. Аммо ширкат даст доштани худро дар ин ҳодиса аллакай рад кардааст.
"Обҳои партови "Навоиазот" ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Ба инҳо обҳои партови саноатӣ, ки таркиби зараровар доранд ва обҳои борону низомҳои хунуксоз мебошанд, ки тоза ҳисобида мешаванд", - гуфтанд дар ин ширкат.
Масъулин афзудаанд, ки оби партов ба иншоотҳои ҷудогонаи биохимиявӣ фиристода мешавад, ки дар он ҷо аз ҷиҳати экологӣ то сатҳи зарурӣ тоза карда мешавад ва танҳо баъдан ба ҳавзҳои махсус партофта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки баъди ин ҳодиса, ки ҳанӯз 4-уми сентябр дар рӯдхонаи Зарафшон сабт гардидаст, муҳитшиносон санҷиш анҷом дода, муайян кардаанд, ки дар об миқдори зиёди кислотаи азот ошкор шудааст.