Лукашенко: НАТО имкони таҷовуз бар зидди Беларусро баррасӣ дорад

© POOL / Гузариш ба медиабонк Президент Белоруссии Александр Лукашенко на встрече лидеров государств - членов Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ)
 Президент Белоруссии Александр Лукашенко на встрече лидеров государств - членов Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Беларус ахиран эълон кардааст, ки Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО имкони таҷавоз бар зидди кишварашро баррасӣ дорад
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ахиран гуфт, НАТО ва як қатор кишварҳои аврупоӣ имконоти таҷовуз алайҳи Беларусро баррасӣ доранд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Кишвардори Беларус рӯзи душанбе бо бахшии низомии кишвараш мулоқот мекунад.
Вай гуфт, ки дар Ғарб чунин ақида вуҷуд дорад, ки артиши Беларус мустақиман дар қаламрави Украина ба амалиёти махсуси низомӣ ворид мешавад.
"Ба ин дуруғҳо бовар карда, роҳбарияти низомию сиёсии НАТО ва як қатор кишварҳои Аврупо, аллакай ошкоро имкони таҷовузи эҳтимолии зидди кишвари мо, ҳатто то зарбаи ҳастаиро баррасӣ доранд”, - гуфт раҳбари Беларус.
Чанде пеш Маскав ва Минск элон карданд, ки дар қаламрави Беларус гурӯҳи низомии муштараки минтақавӣ таъсис дода мешавад.
 Заместитель председателя Совета безопасности России Дмитрий Медведев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.10.2022
Посухи Маскав ба таркиши пули Қрим чӣ гуна бошад? Посухи Медведев
“Дар робита ба шиддат ёфтани вазъ дар марзҳои ғарби кишварҳои шарик , мо тасмим гирифтем, ки гурӯҳи минтақавии Русия ва Беларусро дар наздикии марз ҷойгир кунем. Ин ҳама мувофиқи санадҳои мост. Агар сатҳи таҳдид ба сатҳи имрӯза расад, ҳоло мо аз нерӯҳои иттиҳодӣ истифода хоҳем кард”, - гуфт Александр Лукашенко раисҷумҳури Беларус.
Дар ин бора рӯзи 7 октябр дар Санкт-Петербург дар мулоқоти Лукашенко ва Путин пас аз нишасти ғайрирасмии ИДМ баррасӣ шуда буд.
Раисиҷумҳури Беларус изҳор дошт, ки вазъ дар атрофи Беларус муташанниҷ боқӣ мемонад ва Ғарб дуруғу овозаҳоеро паҳн мекунад, ки гӯё артиши мо дар амалиёти вижаи низомӣ дар қаламрави Украина ширкат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0