https://sputnik.tj/20221010/hushdor-putin-kiev-hamlaho-terroristi-1052014883.html
Ҳушдори Путин ба Киев: агар ҳамлаҳои террористӣ идома ёбанд, посух сангинтар хоҳад шуд
Ҳушдори Путин ба Киев: агар ҳамлаҳои террористӣ идома ёбанд, посух сангинтар хоҳад шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия аз посух ба иқдомоти террористии Киев гуфта, афзуд, бо силоҳи дақиқияти баланд иншооти инфрасохторӣ дар Украина ҳадафи зарба қарор гирифт
2022-10-10T15:36+0500
2022-10-10T15:36+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
владимир путин
амният ва мудофиа
террористӣ
шӯрои амнияти фр
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/16/1051590641_252:590:2844:2048_1920x0_80_0_0_11e67de0022c71be8a1582444a9d3ac1.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, аз аъмоли террористии мақомоти Украина дар нерӯгоҳҳои ҳастаии Запроже, Курск, ҳамчунин лӯлаи гази самти Турия ва пули Қрим гуфта, аз посухи сангин ҳушдор дод. Путин зимни ҷаласаи Шӯрои амният бо зикри ҳамлаҳои Киев ба инфрасохтори Русия, таъкид намуд, ки ин низом худро бо даҳшатноктарин гурӯҳҳои террористӣ дар як саф гузошт. Ӯ афзуд, Украина кӯшиш кард, ки "Маҷрои Туркия"-ро вайрон кунад, аммо аз он ҷилавгирӣ шуд. Президенти Русия ҳамчунин аз таркиши пули Қрим зикр намуда, тавзеҳ дод, ки ин як ҳамлаи террористӣ аст, ки ҳадафаш тахриби инфрасохтори ғайринизомӣ мебошад. Вай таъкид намуд, ки ҷиноятҳои режими Киевро бе ҷавоб мондан ғайриимкон аст. "Бо пешниҳоди Вазорати мудофиа ба иншооти зерсохтори Украина - инфрасохтори энергетикӣ, фармондеҳии низомӣ ва коммуникатсия бо силоҳҳои дақиқ зарбаи густурда расонда шуд", - афзуд ӯ. Владимир Путин ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои террористии Украина ба қаламрави Русия, вокуниши Маскав сахт, аз рӯи миқёс ба сатҳи таҳдидҳо мувофиқ хоҳад буд. Маврид ба зикр аст, баъди таркиши пули Қрим, ки соати 8 октябр рух дод, Русия бо зарбаҳои мушакӣ ба шаҳрҳои Украина посух дод.
https://sputnik.tj/20221010/putin-jalasai-favri-shuroi-amniyati-rusiya-oghoz-video-1052013470.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/16/1051590641_319:210:2770:2048_1920x0_80_0_0_21c1cdca60fedd8d51a356cae3028133.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, путин, посух, сангин, террористӣ, киев
ҳушдор, путин, посух, сангин, террористӣ, киев
Ҳушдори Путин ба Киев: агар ҳамлаҳои террористӣ идома ёбанд, посух сангинтар хоҳад шуд
15:36 10.10.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Раисҷумҳури Русия аз посух ба иқдомоти террористии Киев гуфта, афзуд, бо силоҳи дақиқияти баланд иншооти инфрасохторӣ дар Украина ҳадафи зарба қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, аз аъмоли террористии мақомоти Украина дар нерӯгоҳҳои ҳастаии Запроже, Курск, ҳамчунин лӯлаи гази самти Турия ва пули Қрим гуфта, аз посухи сангин ҳушдор дод.
Путин зимни ҷаласаи Шӯрои амният бо зикри ҳамлаҳои Киев ба инфрасохтори Русия, таъкид намуд, ки ин низом худро бо даҳшатноктарин гурӯҳҳои террористӣ дар як саф гузошт. Ӯ афзуд, Украина кӯшиш кард, ки "Маҷрои Туркия"-ро вайрон кунад, аммо аз он ҷилавгирӣ шуд.
Президенти Русия ҳамчунин аз таркиши пули Қрим зикр намуда, тавзеҳ дод, ки ин як ҳамлаи террористӣ аст, ки ҳадафаш тахриби инфрасохтори ғайринизомӣ мебошад.
Вай таъкид намуд, ки ҷиноятҳои режими Киевро бе ҷавоб мондан ғайриимкон аст.
"Бо пешниҳоди Вазорати мудофиа ба иншооти зерсохтори Украина - инфрасохтори энергетикӣ, фармондеҳии низомӣ ва коммуникатсия бо силоҳҳои дақиқ зарбаи густурда расонда шуд", - афзуд ӯ.
Владимир Путин ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои террористии Украина ба қаламрави Русия, вокуниши Маскав сахт, аз рӯи миқёс ба сатҳи таҳдидҳо мувофиқ хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, баъди таркиши пули Қрим, ки соати 8 октябр рух дод, Русия бо зарбаҳои мушакӣ ба шаҳрҳои Украина посух дод.